Рубрики Хабарҳо

Шароити будубош дар Тоҷикистон барои хориҷиён сода карда мешавад

Шароити будубош барои хориҷиён ва сайёҳон дар Тоҷикистон сода карда мешавад ва хориҷиён метавонанд бидуни иҷозатномаи иқомаи муввақат дар Тоҷикистон то 10 рӯзи корӣ бимонанд.

Парлумони Тоҷикистон ба баррасии тағйироту иловаҳо ба қонун дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Тоҷикистон» оғоз намуд.

Тағйирот буду боши шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави Тоҷикистон осон мекунад ва хориҷиён метавонанд дар Тоҷикистон бидуни иҷозатномаи иқомати муввақатӣ дар Тоҷикистон то 10 рӯзи корӣ бимонанд.

Дар ҳоли ҳозир, шаҳрвандони хориҷӣ бояд  дар муддати 3 шабонарӯз, ба истиснои рӯзҳои ид ва истироҳат, шиносномаҳои хориҷии худро барои ба қайд гузоштан ба нуқтаи таъинот пешниҳод кунанд.

Тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда пас аз тасдиқ дар ҳарду палатаи парлумон ва имзои раисҷумҳур мавриди амал қарор мегиранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *