Рубрики Хабарҳо

Марги боз се нафар дар Маркази саломатии №1 “аз илтиҳоби шуш”

Дар маркази саломатии шаҳрии №1-и Душанбе (якум Советский) боз се нафар “аз илтиҳоби шуш” (пневмония) даргузаштанд. Дирӯз дар ҳамин марказ 4 нафар ҷони худро аз даст дода буданд. 

Хабаргузории Азия Плюс бо истинод ба як табиби ин марказ навиштааст, ки вазъи ин се нафар вахим буд. Ташхис аз вируси корунои онҳо манфӣ баромадааст. Синни ду нафари ҷондодаҳо боло аз 60 ва як нафар 36 сола гуфта шудааст. 

Дирӯз ҳамин манбаъ аз марги 4 нафар дар маркази зикршуда хабар дода буд. Тибқи гуфтаи сарвари марказ, ҳамагӣ аз илтиҳоби шуш фавтидаанд.

Хабари марги се нафари дигарро Рустамзода тасдиқ накарда, аммо рад ҳам накардааст. Танҳо гуфта, ки “мо ҳамаи маълумотро ба Вазорати тандурустӣ фиристодем, метавонед аз онҷо бигиред”.  

Дар Вазорати тандурустӣ бошад хабари марги ин се нафарро такзиб кардаанд. “Ҳамаи онҳо зиндаанд. Ман худи ҳозир бо раҳбарияти беморхона гап зада будам” — гуфтааст сухангӯи вазорат Бибихонум Дарвешзода. 

Дирӯз Вазорати тандурустӣ эълон карда буд, ки ташхис аз вируси коруно дар ҳар чаҳор фавтида ҳам манфӣ баромадааст. 

Тибқи иттилоъи вазорат “то имрӯз дар маркази саломатии шаҳрии №1 дар Душанбе 155 нафар бистарӣ шуда, 114 нафари онҳо то ҳол табобат мегиранд. Ба ғайр аз илитиҳоби шуш ин нафарон аз бемориҳои ишемияи дил, норасоии шадиди гурда ва диабети навъи 2 низ ранҷ мекашиданд” — омадааст дар сойти вазорат.  

Гуфтанист дар табрикоти худ ба муносибати фарорасии моҳи Рамазон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт вируси коруно дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *