Рубрики Хабарҳо

Ба эътироз бо усули асри 20. Белорусҳо ба муқовимат идома медиҳанд

Мардуми Белорус дар шароити мушобеҳ ба асри 20 — бидуни интернет ва гоҳо алоқаи мобилӣ, бо паҳнсозии варақаҳо ба муқовимати худ идома медиҳанд. Эътирозҳо аз пойтахт ба шаҳрҳои бузургу кӯчаки ин кишвар кашида шудаанд ва пулис кам-кам на танҳо контрол, балки нерӯи ҷисмониашро ҳам аз даст медиҳад.

Мардум усули то ин замон дар ҳеҷ куҷо истифоданашудаи эътирозро пеш гирифтааст: ба майдонҳо мерезад ва вақте пулис ҳамла кард, пароканда мешавад. Дар ҳамин замон эътироз дар ҷои дигар шурӯъ мешавад ва вақте пулис ба онҷо рафт, мардуми майдони аввалӣ бармегарданд.

Ҳамчунин ҷавонони белорус бо уқвваҳои ОМОН вориди хархаша мешаванд, то онҳоро хаста созанд. Аввалин ҳодисаҳои аз муқовимат даст кашидани кормандони пулису ОМОН низ ба қайд гирифта шудааст. Дар шаҳри Светлогорск кормандони пулис, ки бинои ҳукуматро муҳофизат мекарданд, калтаку сипарҳои худро дар назди бино гузошта пароканда шудаанд. 

Як капитани пулис дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта “Виҷдони ман акнун пок аст. Милитсия бо мардум аст” ва тарки кор дар пулис кардааст. Мардуми белорус ӯро қаҳрамон мехонанд.

Қувваи асосии пулиси Белорус ба пойтахти ин кишвар ирсол шуда, дар манотиқ барои муқобила бо мардуми бапохоста қувваи камтаре боқӣ мондааст. 

Кормандони корхонаҳои зиёде ба корпартоӣ шурӯъ кардаанд ва аз баромадан ба кор худдорӣ мекунанд. 

Интернет тақрибан дар тамоми кишвар қатъ шудааст ва хабарҳо аз дохили он бо нудрат ва хеле дер мерасанд. Мардум аз бераҳмии ОМОН, ки девонавор ба тазоҳургарон ҳуҷум мекунад, шикоят мекунанд.

Брест, шаҳри буҳурги дигари Белорус ҳам ба яке аз марокизи муқовимат табдил шудааст ва шумори эътирозгарон торафт меафзояд. Дар аввалин рӯзи эътирозҳо — 9 август пулис майдони марказии шаҳр ба номи Ленинро баст, аммо тазоҳургарон дар кӯчаи пиёдагарди Советский ҷамъ шуданд. Ҳамлаи пулис ба тазоҳругарон ба занозании байни ду тараф тамом шуд. Мардум алайҳи гази ашковару обпошак ва норинҷакҳоии садоии пулис аз сангу шиша кор гирифтанд.

Фишорҳои хориҷӣ алайҳи Александр Лукашенко низ дар ҳоли афзоишанд. Бархе аз вакилони парлумони Аврупо ва мақомоти Литва хостори ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Лукашенко шудаанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *