Рубрики Хабарҳо

Путин, фармони интиқоли моликияти нерӯгоҳи ҳастаии Запороже ба Русияро имзо кард

Путин, раисҷумҳури Русия фармони интиқоли нерӯгоҳи ҳастаии Запорожеи Укроин ба моликияти Русияро имзо кард. 

Дар ин фармон, ки дар сойти Кремл мунташир шуд, омадааст, ки муҷаввизҳои лозим барои баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи ҳастаии Запороже эъто хоҳад шуд. 

Ҳамчунин тасреҳ шудааст, ки ин нерӯгоҳ ба моликияти федерали Русия мунтақил мешавад ва давлати Русия дар ин росто дастуроти лозимро додааст. 

Гуфтанист нерӯгоҳи Запороже дорои шаш реактури ҳастаӣ аст ва бузургтарин нерӯгоҳи атомии Аврупо маҳсуб мешавад. 

Запороже зарфияти тавлиди барқи 5700 мегаватт соатро доро буда ва 20 дарсад аз кулли барқи Укроинро таъмин мекунад. Ин нерӯгоҳ рӯзи 4 марти имсол таҳти контроли нерӯҳои Русия даромад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *