Рубрики Хабарҳо

Идомаи мурофиъаи қотили Ҳувайдо

Дирӯз 5 декабр парвандаи куштори духтари тоҷик Ҳувайдои панҷсола дар Маскав дар Серпухово паси дарҳои баста баргузор шуд.

Худи айбдоршаванда дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат накард. Ӯ то ҳол дар беморхонаи рӯҳӣ қарор дорад. Ба ҷои Сёмин ба додгоҳ справкаи дар ҳолати вазнин будани айбдоршаванда, оварда шуд.

Дар ин бора Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода ба Паём хабар дода гуфт, ҷонибдорони Сёмин пофишорӣ доранд, ки ӯ дар куштор даст надорад ва айбдор нест. Онҳо далелҳои худро барои сафед кардани Сёмин оварданд, ки мо албатта бо онҳо розӣ нестем. Қотилии Сёмин исбот шудааст. 

Шавкат Умаров зимни сӯҳбаташ бо шабакаи телевизионии САТВ гуфт, ки ба хотири Сиёмин ҳачун бемори рӯҳӣ бистарӣ буданаш,  муҳокимаи парвандаро қонуни Федератсияи Русия кашол медиҳад, чун инсони аз ҷиҳати рӯҳӣ бемор наметавонад дар содир кардани ҷинояте айбдор шавад.

Сёмин гумонбари асосӣ дар қатли Ҳувайдои 5 – сола дар бемористони касалии рӯҳӣ шаҳри Смоленский бистарӣ аст.

Ёдовар мешавем, Ҳувайдо Тиллозода, духтарчаи 5-солаи тоҷикистонӣ, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаи иҷораашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *