Дар натиҷаи тасмимҳои ҳукумат дар чаҳор моҳи охир барои боло бурдани чанд хидматрасонии давлативу ғайридавлатӣ, зиндагӣ дар қашшоқтарин кишвари собиқ шӯравӣ хеле гаронтар шуд.
Гуфтанист, сабаби инқилоб дар Қирғизистон соли 2010, ки боиси фирори раисҷумҳури ин кишвар Қурмонбек Боқиев шуд, болобарии қимати барқ буд. Баъди боло бурдани нархи барқ мардум бо талаби бекор кардани ин қарор ба кӯчаҳо рехт ва кам-кам боис шуд тазоҳурот бба як инқилоби мардумӣ бадал шавад.
Аз 18 апрел қимати интернет дар Тоҷикистон аз 2 то 8 маротиба гарон шуд. Агар қаблан қимати 1Мб дар бастаи минималӣ 2,4 (2,5) сент дирам буд, ҳоло ба 6,2 дирам (6,5 сент) расидааст. Гузашта аз ин, новобаста аз ҳаҷми баста, қимати ягона муайян карда шудааст, ки дар натиҷа, дар бастаҳои бузург қимати интернет то 8 маротиба боло рафт.
Ташаббускори болобарии қимат Хадамоти зиддимонополӣ буд, ки даъво кард мехоҳад сифати интернетро беҳтар ва даромади андоз аз онро бештар кунад.
Кумитаи андоз бошад масъалаи ҷалби андоз аз пойгоҳҳои интернетӣ аз қабили Google, Facebook, Microsoft, ҳамчунин eBay, Aliexpress ва ғайрарро бардоштааст. Гуфтанист талаби андоз аз ин пойгоҳҳо боис мешавад онҳо қимати хидматрасонии худро боло баранд, ки дар натиҷа боз ҳам пардохткунанда мардуми оддӣ мешавад.
Болобарии қимати интернет ин бузургтарин тағйири нарх ба хотири ҷалби бештари андоз аст. Аммо дар чанд моҳи охир хидматрасониҳои дигар низ гарон шуданд.
Пеш аз ҳама дар кишвар нишондиҳандаҳо барои воҳиди ҳисоб боло рафтанд. Дар Тоҷикистон ҷаримаҳо, ҳисобгирии андозҳо ва пардохтҳои давлатиро бо воҳиди ҳисоб чен мекунанд. Воҳиди ҳисоб барои соли 2019 55 сомонӣ ($5,8) муқаррар шудааст. Қаблан он 50 сомонӣ буд ($5,3).
Қимати ҳама намуди хизматрасониҳо барои ҳуҷҷатгузории мошинҳо низ боло рафтанд. Барои мисол, қимати суғуртаи ҳатмии мошинҳо аз 170 сомонии ($18) қаблӣ, ба 250 сомонӣ ($26) расиданд. Ин маблағ аз тарафи ронандаҳо ҳар сол пардохт мешавад.
Ҳамчунин давоми се моҳи соли ҷорӣ нархи сиёҳкунии шишаи мошинҳо ду маротиба боло рафт. Масалан, моҳи январ қимати мошинҳои соли бароришашон 2005 ва баъд аз 3100
сомонӣ ($328) то 3410 сомонӣ ($362) боло рафт. Аз моҳи апрел бошад моликони мошинҳо барои сиёҳкунии шишаи мошини худ бояд 4730 сомонӣ (около $500) супоранд. Ин маблағ ҳам барои як сол супорида мешавад.
Аз моҳи январ Кумитаи андоз қимати иҷозатномаҳоро, ки андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ ба он шомил аст, 5,4% боло бурд (вобаста аз гардиши пулии ҳар соҳибкор).
Вакилони палатаи поёнии парлумон соҳи феврал тарҳи тағйирот ба қонун “Дар бораи пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷа”-ро тасвиб карданд, ки тибқи он ширкатҳои сохтмоние, ки ба сохтани хонаҳои баландошёна машғуланд, барои ҳар метри квадрати замини он бояд $23 ба буҷа пардохт кунанд.
Аз моҳи ноябри соли гузашта бошад, Вазорати молияи Тоҷикистон қимати барқро барои аҳолӣ аз 16,85 дирам ба 19,37 дирам барои 1 кВт/с расонд. Ба ҳамин минвол қимати об ҳам боло бурда шуд.
Хидматрасонии тиббӣ низ 15% гаронтар гардид.
Ҳамаи ин болоравиҳо ба нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, нақлиёт ва ғайра низ бетаъсир намонд.
Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон ҳарфе дар бораи боло бурдани моҳона намезанад.