Рубрики Хабарҳо

Сарони африқоӣ дар дидор бо Путин: ин ҷанг бояд поён ёбад

Раҳбароне аз Африқо, ки роҳии Русия шудаанд, дар дидор бо Путин хоҳони музокироти сулҳ миёни Маскав ва Киев шуданд ва тасреҳ карданд, ки ҷанги Русия дар Укроин “бояд поён ёбад”. Ин сарон пеш аз он бо раисҷумҳури Укроин гуфтугӯ карда буданд. 

Як ҳайати баландпояи муташаккил аз раҳбарон ва мақомоти давлатҳои африқоӣ рӯзи шанбе 17 июн дар Санкт-Петербург бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дидор ва гуфтугӯ кард. 

Ин дидор агарчи дар чорчуби ҳамоиши иқтисодӣ анҷом гирифт, аммо мавзӯъи меҳварии он ҷанги Русия дар Укроин буд. 

Сирил Рамафоса, раисҷумҳури Африқои ҷанубӣ тасреҳ кард: “ин ҷанг бояд поён ёбад.” Ӯ афзуд, ки ҷанги Русия дар Укроин бояд “аз тариқи гуфтугӯ ва бо такя бар роҳҳои дипломатик” хотима дода шавад. 

Кишварҳои африқоӣ акнун 16 моҳ аст, ки ба таври мустақим таҳти таъсири ҷанги Русия дар Укроин қарор доранд, зеро бисёре аз онҳо ба маҳмулаҳои ғалла ва кудҳои кишоварзии тавлиди ин ду кишвар вобаста ҳастанд то битавонанд ниёзҳои ғизоии мардуми худро таъмин кунанд. 

Ҳар гуна афзоиши қимат дар арсаи маводи ғизоии аввалия беш аз ҳама бар вазъияти қишрҳои фақир дар ин кишварҳо таъсир мегузорад. 

Бино бар арзёбии Дмитрий Песков, сухангӯи давлати Путин, тавофуқ миёни Русия ва Укроин дар мавриди судури ғалла тамдид нахоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ бо таваҷҷуҳ ба шароити кунунӣ, шансе барои тамдиди ин тавофуқ вуҷуд надорад. 

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар дидор бо ҳайати африқоӣ гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба гаронии маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳон, тавофуқномаи судури ғалла мушкилоти кишварҳои африқоиро ҳал намекунад. 

Ӯ рукарди мутаодили дӯстони африқоии Русияро мавриди тақдир қарор дода ва гуфт, омодаи “гуфтугӯӣ созанда бо тамоми касоне аст, ки хоҳони сулҳи устувор бар асли адолат ва эҳтиром ба масолеҳи мутақобил” ҳастанд. Путин дар ин дидор бори дигар бар дидгоҳи Русия дар робита бо ҷанги кунунӣ таъкид кард. 

Сафари ҳайатии баландпоя аз Африқо ба Русия барои Маскав ҳоизи аҳамият аст, чаро, ки нишон медиҳад ин кишвар мунзавӣ нест. 

Дар ҳамин росто метавон сафарҳои мутааддиди Сергей Лавровро арзёбӣ кард, ки дар дидорҳои худ аз чанд кишвари африқоӣ саъй карда буд, мувофиқат ва ҳамроҳии онон бо мавозеъи Русия дар ин масъаларо ҷалб кунад. 

Ин ҳайати африқоӣ пеш аз сафар ба Русия роҳии Киев шуда буд то бо Владимир Зелеснкий, раисҷумҳури Укроин дидор ва гуфтугу кунад. 

Зеленский, раисҷумҳури Укроин пас аз дидор бо раҳбарони чандин кишвари африқоӣ, музокирот бо Русияро дар ин замон рад карда ва таъкид варзид, музокироти сулҳ танҳо дар сурате имконпазир хоҳад буд, ки Маскав нерӯҳои низомии худро аз сарзаминҳои ишғолии Укроин хориҷ кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *