Соли гузашта 29039 нафар зодагони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, ки ин нишондиҳанда назар ба соли 2012 5 баробар бештар аст.
Бо гузориши Газета.ру шумори шаҳрвандони хориҷие, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд аз соли 2012 то кунун се баробар афзоиш ёфтааст.
Тибқи асноди ВКД-и Русия ин рақам аз 95 737 ба 257 822 нафар расидааст. Ин ниҳод гуфтааст афзоиш асосан аз ҳисоби муҳоҷирон аз Укроин, Қазоқистон, Тоҷикистон, Арманистон ва Ӯзбекистон ба вуқӯъ пайвастааст.
Дар соли 2017 беш аз дигарон шаҳрвандони Укроин шиносномаи русӣ гирифтаанд — 85 119 нафар, ки аз нишондиҳандаи 5 сол қабл 7 баробар бештар аст.
Дар ҷои дуввум зодагони Қазоқистон қарор доранд, ки 40718 нафар аз онҳо минбаъд шаҳрванди Русия ҳастанд. Дар соли 2012 қазоқҳо 14585 шиносномаи русӣ гирифта буданд.
Тоҷикистон бо нишондиҳандаи 29039 нафар (дар соли 2012 9773 нафар) дар ҷои сеюм қарор гирифтааст. Дар соли 2016 ин рақам чизе бештар аз 23000-ро ташкил дода буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта ба консулгарии Русия дар Тоҷикистон наздик ба 17000 хонавода бо ариза барои кӯчидан ба Русия муроҷиат намуда буданд, ки танҳо аризаи 2300 нафари онҳо қабул гардид.
Баъди Тоҷикистон дар рӯйхати шаҳрвандони нави Русия зодагони Арманистон (25 144 нафар) ва Ӯзбекистон (23 334 нафар) қарор доранд.