Рубрики Хабарҳо

Гузоришгарони бидуни марз: Озодии баёнро наметавон қурбонии саломатӣ кард

Созмони гузоришгарони бидуни марз ба ду гузоришгари вежаи озодии баён ва саломатии Созмони милал нома навиштааст. Ин ниҳод аз Созмони милал хоста то ба давлатҳое, ки дар чорчуби муқобила бо коруно озодии баёнро маҳдуд мекунанд огоҳии ҷиддӣ диҳад. 

Созмони гузоришгарон бидуни марз дар номае хитоб ба ду гузоришгари вежаи Созмони милал барои саломатӣ ва барои озодии баён аз онҳо хоста то ҳукуматҳоеро, ки дар чорчӯби мубориза бо коруно озодии иттилоотро нақз мекунанд, маҳкум кунанд. Ба гуфтаи гузоришгарони бидуни марз, нақзи озодии иттилоот, нақзи саломати умумӣ дар ин кишварҳо ва низ дар тамоми дунёст. 

Дар ин нома, ки ба имзои Кристиана Мейера мудири гузоришгарони бидуни марз расида, омадааст: “Дар замони пондемии коруно озодии матбуот ва низ ҳаққи дастрасӣ ба иттилоот аз ҳар замони дигаре муҳимтар аст.” 

Мейера дар идома навиштааст: “Ҳаққи дастрасӣ ба иттилооти шомили озодӣ дар ҷустуҷӯ ва ба даст овардани иттилооти мутмаин, дар кӯтоҳтарин муддат аст. Вақте ҳукуматҳо ин ҳақро нақз мекунанд, саломатӣ ва ҳатто зиндагии инсонҳоро ба хатар меандозанд. Мо аз Созмон милал мехоҳем чунин ҳукуматҳоеро маҳкум кунад.” 

Дар ин нома, ки дар таърихи 12 апрел барои Дайниус Пурас, гузоришгари вежаи саломатии Созмон милал ва Девид Ки гузоришгар вежаи озодии баён ирсол шуда, феҳристе аз сонсур, боздоштҳои худсарона, озор ва эъмоли хушунат алайҳи рӯзноманигорон ва низ ҳамла ба озодии баён дар чорчӯби қонун (нақзи қонуни озодии баён) дар 38 кишвар дарҷ шудааст. 

Бар асоси гузориши ин Созмон, маҳдудиятҳои эҷодшуда дар саросари дунё зери пӯшиш ҳифзи саломатӣ ба таври махсусе афзоиш доштааст. 

Гузоришгарони бидуни марз намунаҳое аз ин маҳдудиятҳоро унвон кардааст. Масалан русаои ҷумҳури Бразилия ва Иёлоти муттаҳида Амрико расонаҳоро бо ҳамалоти лафзӣ мавриди ҳамла қарор додаанд. 

Дар кишварҳое чун Алҷазоир, Урдун ва Зимбобве гузоришгарон танҳо ба далели таҳияи гузориш дар бораи коруно дастгир шудаанд. Як қонуни ҷадид дар Венгрия тасвиб шуда, ки таҳдиде барои ба сукут кашондани рӯзноманигорони мустақил дар ин кишвар аст. Нахуствазир Камбоҷа аз буҳрони коруно истифода карда, то қудрати худашро тасбит кунад. Дар Чин, давлат бо саркӯби озодии иттилоотӣ шуйӯъи беморӣ дар Вуҳон ва сипас дар тамоми дунёро густариш дод. 

Нигарони ҷони рӯзноманигорони дар банд 

Созмони гузоришгарони бидуни марз дар номаи худ ҳамчунин ба рӯзноманигороне ишора карда, ки алорағми шуйӯъи коруно ҳамчунон дар зиндон ҳастанд, ба хусус дар ду кишвар — Туркия ва Арабистони саудӣ. Ба гуфтаи ин Созмон бархе аз онҳо дар таҳдиди ҷиддии ҷонӣ қарор доранд. 

Ин Созмони мустақил аз гузоришгарони вежаи Созмони милал хоста то танҳо ба додани огоҳӣ ба ин кишварҳо басанда накунанд балки аз кишварҳое, ки дар онҳо озодии матбуот ва иттилооти маҳдуд шудааст, “дархости фаврӣ” барои рафъи ин мавонеъ бо ҳадафи эҷоди тағйироти мушаххас, ба унвони мисоли озодии фаврии тамоми рӯзноманигорон дар ҳабс, матраҳ кунанд. 

Ҳаққи дастрасӣ ба иттилооти бахши муҳимме аз ҳаққи саломатӣ аст ба ҳамин далел гузоришгарони бидуни марз аз Созмони милал хоста то ин мавзӯъро ба таври сареҳ барои кишварҳо равшан созад. 

Гузоришгарони бидуни марз бо таваҷҷуҳ ба ин ки Созмони милал иртиботи ин ҳуқуқ бо якдигар яъне ҳаққи саломат ва ҳаққи дастрасии озодона ба иттилоотро ба расмият шинохта, мутазаккир шуда, ки маҳдуд кардани яке аз ин ду ҳаққ ба баҳонаи ҳаққи дигар муҷоз нест ва наметавон ба хотири саломатӣ, сонсур ё ҷилавгирӣ аз ироаи иттилоотро муҷоз кард. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *