Баъди расман эътироф кардани мақомот ба вуҷуди вируси коруно дар Тоҷикистон, хабаргузориҳои давлатии кишвар ҳам ба навиштани хабару матолиб дар ин мавзӯъ шурӯъ карданд.
Ҳарчанд бештари онҳо ҷанбаи таблиғотӣ доранд, мисли даъват ба гузаронидани музди якмоҳаи меҳнат ба ҳисоби Ситоди мубориза бо коруно ва ғайра, бархе аз хабару мақолаҳоро мешавад дар ин гузориш зикр кард.
1. “Радиои Озодӣ” дар Тоҷикистон нархи баъзе аз доруҳо ба таври чашмгир боло рафтааст. Арзиши бархе чунин доруҳо, ки сокинон онро маъмулан ҳангоми муолиҷаи зуком истифода мекарданд, аз 18 сомонии қаблӣ то ба 250 ва аз 60 сомонии пешина то 400 сомонӣ афзудааст. Пизишкон мегӯянд, ҳанӯз ҳеч дору бар зидди бемории ҳамагири COVID-19 вуҷуд надорад ва коре, ки мардум мекунанд, таҳлукаи беҷост.
2. “Азия Плюс” , ки Рустами Эмомалӣ супориш додааст давоми 3 рӯз ду бинои навсохт чун беморхона барои қабули 600 нафар беморони вируси коруно омода карда шавад. Аз ба кӣ мутааллиқ будани ин биноҳо иттилоъ дода намешавад.
3. “Ховар” аз мулоқоти сарвазири Қоҳир Расулзода бо намояндагони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва роҳбари дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон . Расулзода аз намояндагони СҶТ дархост кардааст барои ҷалби кумаки амалии беруна ба кишвар кӯмак кунад.
4. “Паём” бо истинод ба манбаъаш дар Хуҷанд , мақомот масъулини бемористонҳоро таъкид кардаанд, ки то аз Тоҷикистон рафтани намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошт бемор қабул накунанд. Як манбаъи дигари расона аз ҳукумати шаҳри Истаравшан хабар дода, ки то имрӯз дар Истаравшан шумори фавтидагон аз бемории COVID-19 ба 27 нафар расидааст.
5. “Ахбор” , ки Носир Умаров, корманди ширкати «Барқи Тоҷик” ва бародари сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон генерал Мансурҷон Умаров шаби 4 ба 5 май дар беморхона аз вируси коруно вафот кардааст.
6. Хабаргузории “Авеста” бо такя ба таҳлили Бонки ҷаҳонӣ , ки бинобар шуйӯъи вируси коруно ва карантинҳои вобаста ба он, ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон дар соли 2020 28% камтар хоҳад буд.
7. “Радиои Озодӣ” дар як шумор ва ҳаҷми маблағҳои ҷудошудаву ваъдашуда аз ҷониби институтҳои байналмиллалиро ба баррасӣ гирифтааст. Гуфта мешавад, қисмати аъзами ин кӯмакҳо ҳанӯз нагузаштаанд ва танҳо ваъда шудаанд.
8. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълонҳои фурӯши ниқоб, дастпӯш, либоси махсуси ҳифозатӣ ва ғайра пайдо шудаанд. Бархе аз корбарон тахмин мезананд, ин кӯмакҳои расида ба Тоҷикистон аст, ки аз тарафи масъулин ба фурӯш бароварда шудаанд.
9. Раҳматилло Зоиров дар саҳифаи фейсбукиаш рӯзи 8-ум аст гирифтори коруност ва аз дӯстонаш хоҳиш кард ба хонааш наоянд.
10. “Азия Плюс” , ки созмони ҷамъиятии хайриявии “Пешрафт” ҳамроҳ бо гурӯҳе аз ҳамватанон дар хориҷ кампини кӯмак ба оилаҳои зарардида аз COVID-19 ба роҳ монд. Маблағҳои ҷамъшуда имкон медиҳад 14 000 бастаи хӯрокворӣ ва маҳсулоти зарурияти аввал ба хонаводаҳои зарардида, пиронсолони танҳо ва кормандони соҳаи тиб расонида шавад.
11. Ховар мусоҳибае бо ёрдамчии раисҷумҳур Абдуҷаббор Раҳмонов , ки дар он Раҳмонов дар Олмон қарор доштани Эмомалӣ Раҳмонро такзиб карда гуфтааст, ки раисҷумҳур дар кишвар қарор дорад ва ҳар рӯз чанд маротиба бо роҳбарияти Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус вомехӯрад. Ҳамчунин ӯ иддао кардааст, ки ҳавопаймое, ки шоми 3 май аз Душанбе ба Олмон парвоз кард, ба Тоҷикистон кӯмак оварда буд.
12. “Паём” дар посух ба ин мусоҳиба , ки “Ховар” ва ёрдамчии раисҷумҳур ба ӯ хидмати хирсона карда, бо ин мусоҳибаашон баръакс ҳамаро бовар кунониданд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Олмон аст. Ҷои он метавонистанд як-ду навор аз вохӯрии “пешво”, ки бо роҳбарияти Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус нашр мекарданд. Дигар ҷои суоле боқӣ намемонд — навиштааст сойт.
13. Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, рӯзи 5-уми май 63 мавриди нави гирифторӣ ва ду ҳолати нави фавти сокинон ба COVID-19 тасдиқ шуда, шумори умумии беморон ба 293 нафар расид ва қурбониён ба 5 нафар баробар шуд.
14. Дафтари матбуотии раисҷумҳур фармонҳои Эмомалӣ Раҳмонро нашр кард, ки тибқи он вазири тандурустӣ Олимзода Насим Хоҷа аз вазифааш ба ҷои ӯ Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло . Сабаби барканории Олимзода “ба кори дигар гузаштанаш” гуфта мешавад.
15. Рӯзноманигор Раҷаби Мирзо дар блогаш “Рӯзи нав” “барканор шудани Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба назар як чизи пешбинишаванда буд. Гуфтан душвор аст, ки ҳукумат ба ҳарфи мардум, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хостори истеъфои ӯ буданд, лаббайк гуфт. Баръакс мегуфтанд, ки дар шароити бӯҳрони феълӣ як “қурбонӣ” зарур буд ва эҳтимол ҳамин Олимзода бошад”.
16. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон замони таътили хонандагони мактабҳои миёнаро то 16-уми август . Ба иттилои манбаъ, таҳсил аз 17-уми августи имсол оғоз мегардад. Дар бораи шароити кори омӯзгорон ва пардохти маоши онҳо дар ин давра шарҳе дода нашудааст.
17. “Радиои Озодӣ” хабар дод Давлатҷон Ғаффорзода, раиси дафтари ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ, пеш аз адои муҳлати карантин аз бемористони марказии ноҳия «фирор» кардааст. Пизишкон ки ӯ дар хонааш аст ва қоидаҳои карантинро риоя мекунад, вале раиси ноҳия мегӯяд, дар куҷо будани ӯро намедонанд.
18. Хабаргузории “Медуза” дар Маскав кор дар қисмате аз сохтмонҳо шурӯъ мешавад, ки метавонад бахше аз муҳоҷирони бекормондаро ба ҷойҳои кориашон баргардонад.
19. “Азия Плюс” бо истинод ба Амриддин Солиев, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дод, ки муовини сардори БДА дар вилояти Хатлон Қутбуддин Қодиров рӯзи 4-уми май дар шуъбаи бемориҳои сироятии ҳамин беморхона фавтидааст. “Дар ӯ аломатҳои монанд ба COVID-19 дида мешуд, вале бемории ӯ баъд аз ташхисҳои дақиқ маълум мешавад”, — гуфтааст сардухтур.
20. Ҳамин хабаргузорӣ навишт Раиси Раёсати БДА “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ аз ҳамаи кормандони бахши бонкии кишвар даъват кард, ки маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсуси дастгирии кормандони тиббӣ дар мубориза бо COVID-19 равона кунанд. Мувофиқи омори расмӣ ҳаҷми миёнаи моҳонаи кормандони соҳаи бонкӣ 3309 сомониро ташкил медиҳад. Ин қариб 3,7 баробар аз маоши миёнаи моҳонаи табиб, 5,5 баробар – аз маоши миёнаи моҳонаи ҳамшираи шафқат ва 7,2 баробар – аз маоши миёнаи моҳонаи парасторон (ходими хурди тиббӣ, санитарка) зиёдтар аст.
21. Сойти ҳафтаномаи “Тоҷикистон” , ки Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба вируси коруно гирифтор шуда, рӯзи дуюм аст, ки дар бемористони сироятӣ, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт бистарист.
Сообщение ПАЁМ.net.