Рубрики Хабарҳо

Бе иҷозаи падар ба шавҳар баромадани духтар

Мувофиқи шариати Ислом ҳар як зан бояд бо ризогии худаш ва иҷозаи валиаш ба шавҳар барояд. Валии зан наздиктарин  мард аз рӯи хешутаборӣ аст. Аз ҳама пеш падар, падарбузург, бародар, сипас тағову аму ва дигар хешовандон валӣ маҳсуб мешаванд. Дар шариат валии зан танҳо мард бояд бошад, агарчӣ модар бошад ҳам, ҳаққи валӣ буданро надорад.

Ҳар як хоҳаре, ки ба шавҳар мебарояд, хоҳ духтари бокира бошад, хоҳ хонуми пештар ба шавҳарбаромада, бояд бо иҷозаи валиаш ба шавҳар барояд. 

Дар кишварҳое, ки аксари қонуни давлатӣ мувофиқи аҳкоми ислом суръат мегирад, агар зани ба шавҳар баромадаистода валӣ надошта бошад, қозӣ ва ё суди давлатӣ нафареро барои ба шавҳар додани он хонум валӣ таъйин мекунад, зеро Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:

ايما امرأة نكحت بغير اذن وليها فنكاحها باطل فنكاحها باطل فنكاحها باطل فان دخل بها فلها المهر بما استحل من فرجها فان اشتجاروا فالسلطان ولي من لا ولي له

Ҳар зане, ки бе иҷозаи валиаш ба шавҳар мебарояд, никоҳаш ботил аст, никоҳаш ботил аст, никоҳаш ботил аст. Агар бе иҷозаи валӣ занеро ба никоҳи худ гирифта, ба он зан наздикӣ карда бошад, бояд маҳри он занро бидиҳад. Ҳар касе, ки оиди кӣ валии ӯ будан, низоъ мекунад ва ё ҳар касе, ки валӣ надорад, пас султон, сардори қавм валии ӯ шуморида мешавад. (Абудовуд)

Дар давлати мо 97% мусалмон ҳастем, аммо қонунҳои оила, никоҳу талоқ мувофиқи шариат нестанд. Барои ду нафар издивоҷ кардан, вуҷуд доштани валӣ ва ё иҷозаи валӣ мувофиқи қонун шарт нест.

Вале азбаски ҳама мусалмон ҳастем, бояд мувофиқи қонуни шариат амал кунем.

Ҳар хоҳаре дар Тоҷикистон ва ё Русия ва ё ҳар мамлакате, ки қонунҳои давлатӣ дар онҷо мувофиқи шариат сурат намегирад, зиндагӣ дошта бошад, дар вақти издивоҷ, агар ягон валӣ аз хешовандони наздикаш надошта бошад, метавонад аз хешовандони дур ва ҳатто аз  имоми масҷид ва ё шахси донишманду боинсофи дигар талаби вилоят кунад. Аммо бевуҷуди валӣ танҳо бо ду шоҳид ба никоҳи касе надарояд, зеро мувофиқи ҳадисҳои сароҳатан зикр шуда, никоҳи беиҷозаи валӣ басташуда ботил аст.

Баъзан хоҳароне ҳастанд, ки мегӯянд фалониро дӯст медорам, мехоҳам бо ӯ издивоҷ кунам, аммо падарам розӣ нестанд. 

Фалони ба хостгории ман омад, ман ҳам розӣ будам, аммо падарам розӣ нашуд.

 Ҳолатҳое ҳаст, ки духтарак мегӯяд, азбаски падарам асло розӣ шуданӣ нест, бе иҷозаи падарам бошад ҳам, бо ӯ издивоҷ карданӣ ҳастем. 

Вақте ҷавоне хостгори духтарак аст, духтарак ҳам розӣ аст, аммо падар монеъи издивоҷи онҳо шуда истодааст, дар ин ҳолат тибқи гуфтаи уламои шариат қазияро дақиқ нигоҳ мекунем.
Аввалан падар барои чӣ рози нест, духтарашро ба шавҳарӣ диҳад? Агар падар шахсӣ босавод аст, парҳезгор аст ва умури хонаводагиро хеле хуб медонад, дар ин ҳолат духтарак ҳақ надорад, бидуни ризои падараш ба шавҳар барояд ва ё аз гуфтаи падараш пофишорӣ кунад. Барои он ки падар бо он таҷрибае, ки дорад, хубтар медонад, ки барои духтараш кӣ муносиб аст. Духтараки ҳаждаҳсола ҳанӯз таҷрибаи кофӣ надорад, ки мардҳоро бишносад, аммо падаре, ки панҷоҳсола аст ва дар ҳаёти худ борҳо бо мардҳо сарукор дошт, хубтар медонад, ки ҷавонписари духтараш интихобкарда то куҷо метавонад, духтарашро хушбахт кунад. Духтарак бо якбор дидан гумон мекунад, ки ҷавон барояш муносиб аст ва метавонад бо ӯ оила бино кунад, ҳол он ки бо якбор дидану сӯҳбати кӯтоҳ доштан, инсонро наметавон шинохт. Одатан ҷавонҳо симои аслии худро пас аз никоҳ ба арӯс нишон медиҳанд. Арӯс пеш аз никоҳ ҷавони дигарро мешинохт, пас аз никоҳ якбора шахси дигарро мебинад. Ҷавон ки аст, чӣ хислатҳои бад дорад, то куҷо шахси содиқ аст, инҳоро наметавон бо як дидан ошкор кард. Барои ин  хешовандони духтар бояд аз дӯстони ҷавон аз хешовандони ҷавон маълумот гиранд, то замоне, ки ҷавонро бо комил нашинохтанд, шитоб накунанд.

Яке аз дардҳои пуралами ҷомеаи мо дар он аст, ки вақте духтареро барои фарзандамон арӯс интихоб карданӣ шудем, тамоми маълумотҳоро оиди он духтар ҷамъ мекунем, тамоми оила аз паи пайдо кардани маълумот оиди арӯс мешаванд. Аз домод сар карда то холаву холабача оиди арӯс тафтишот шурӯъ мекунанд. Аммо вақте духтарамонро ба ҷавоне ба шавҳар доданӣ шудем, гӯё ки аз осмон ваҳӣ омада бошад, ҳафтод дарсади оила бо якбор ба ҷавон назар кардан, аз ҷавон хӯшашон меояд ва шитоб духтаракро ба ӯ медиҳанд. Аксари издивоҷҳое, ки бо аҷала анҷом ёфтаанд, ба зудӣ бо талоқ анҷом меёбанд. Чӣ гунае, ки аз аҳволи арӯс ҳама маълумотҳоро ҷамъ мекунем, бояд оиди домод низ ингуна маълумот пайдо кунем.

Хушо ба ҳоли духтараконе, ки дар вақти интихоби шавҳар ҳавасу шавқро яксӯ гузошта, ақли худро ба кор мебаранд. Маслиҳатҳои дугонаҳои бетаҷрибаро яксӯ гузошта, пеш аз ҳама санҷидакорона ба иродаи худ ва баъдан ба таҷрибаи падари ҳакими худу бузургони оила эътимод мекунанд.

Аммо, агар падар шахси бесавод ва дорои хислатҳои бад бошад, бо майзадагӣ ва ё асабоният дар байни мардум машҳур бошад, илова бар ин хостгори муносиби духтарро рад кунад, дар ин ҳолат духтарак метавонад беиҷозаи падар ба шавҳар барояд, аммо бо валии дигар.

Мувофиқи гуфтаи Расулаллоҳ вақте ҷавоне, ки ахлоқи хуб дорад ва дар динаш устувор аст ба хостгорӣ меояд, бояд падар не нагуфта, албатта пас аз ризогии духтар хостгорро қабул кунад.

Паёмбар мегӯянд:

اذا جاءكم من ترضون دينه و خلقه فأنكحوه الا تفعلوأ تكن فتنة في الارض و فساد كبير

Агар ба хостгории духтаратон шахсе омад, ки шуморо ахлоқаш ва диндориаш писанд аст, пас духтаратонро ба ӯ диҳед, агар ин гуна хостгорҳоро рад кунед, дар рӯи замин фитнаву фасодкориҳои бузург паҳн мегардад (Тирмизӣ)

Дар мавриди интихоби домод ду чиз хеле муҳим аст, яке ахлоқи ҳасан, дигаре побанд будан ба дин, ҳалолу ҳаром, дурусту хаторо фарқ кардану амал кардан.

Шахсоне, ки ахлоқашон хуб аст, аммо побанди дин нестанд, хеле зуд ба иштибоҳҳои бузург роҳ медиҳанд. Ҳамчунин шахсоне, ки худро побанди дин вонамуд мекунанд, аммо ахлоқи хуб надоранд, ба ҳама зиён мерасонанд ва аз ҳама пеш ба ҳамсари худ. Бояд аҳамият дод, ки ду чиз дар як нафар вуҷуд дошта бошад, ахлоқи ҳамида ва парҳезгорӣ.

Вақте ҷавони боахлоқу бодин хостгори духтар шуд, аммо падар розӣ нест, дар ин вақт агар падар маҳз бо диндории ҷавон мушкилӣ дошта бошад ва ё аз духтараш интиқом гирифтанӣ бошад, духтар ҳақ дорад падарро раҳо карда, бародар ва ё хешованди дигари худро валӣ интихоб кунад. Барои он ки душмании падар бо хостгори духтараш қобили қабул нест. Барӣало дидаву дониста, хостгори арзандаи духтарро падар рад кунад, бояд хешовандони дигар вориди масъала шаванд ва кӯшиш кунанд, падарро розӣ кунанд, агар рафту падар розӣ нашуд, духтарак метавонад бе розигии падар ба шавҳар барояд, аммо ҳатман бо иҷозаи валии дигар, бародар, амак ё тағо …

Ҳар валие, ки рӯи рост бар зарари духтар амал мекунад, хостгорҳои арзандаи духтарро рад мекунад ва мехоҳад духтарро азият кунад, бо иттифоқи уламо арзиши валӣ буданро надорад ва духтар метавонад ӯро раҳо кунад. Иҷозаи ин гуна валӣ ба духтар ҳатмӣ нест ва ҳаққи вали буданро ҳам надорад.

Валӣ то куҷо шоистаи валӣ буданро надорад, то куҷо барои зарари духтар амал мекунад, инро хешовандони оила шахсони ҳакиму босавод муайян мекунанд ва якҷоя барои салоҳи духтарак даст ба кор мешаванд.

Муслимаи Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *