Рубрики Хабарҳо

Бахши суханронии вазири хориҷа дар СММ, ки ба ҳамлаи Қирғизистон рабт дошт

Ҷаноби Раис!

20 сентябр роҳбарияти Ҷумҳурии Қирғизистон ҳангоми суханронӣ аз ин минбари баланд низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ба таври худ ироа кард.

Боиси таассуф аст, ки масъалаҳои ҳаллуфасли хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки аз таърих мерос мондааст, беасос ба Маҷмаи Умумии СММ кашида шуданд.

Зарур медонам иттилоъ диҳам, ки ҳанӯз 19 сентябри соли 2022 намояндагони ваколатдори ду тараф Протоколро оид ба ҳалли вазъ дар сарҳад имзо намуда буданд. Ҳамаи амалҳои ҷангӣ хотима ёфта буданд.

Қӯшунҳо ва техникаи ҳарбӣ бояд аз ҳар ду тараф ба маконҳои доимии нигоҳдории худ кӯчонида шаванд. Азназаргузаронии муштараки минтақаи сарҳадӣ ташкил карда шудааст. Ба мақсади роҳандозии назорати рафти татбиқи созишҳои бадастомада комиссияи муштарак таъсис дода шудааст. Аз ҳама муҳим – ҳар ду тараф азми худро барои ҳалли ҳама масъалаҳои дуҷониба танҳо ва танҳо бо истифода аз усулҳои дипломатӣ-сиёсӣ тасдиқ намуданд. Тоҷикистон пойбанд буд ва дар сурати ба вуҷуд омадани дилхоҳ масъалаҳо, аз ҷумла ҳаллуфасли масоили сарҳадӣ, ба ин усул ҳамеша пойбанд хоҳад монд.

Боиси таассуфи амиқ аст, ки Қирғизистон бо нишон додани диди дурӯғини дур бурдани қӯшунҳо ва техникаи вазнини ҳарбӣ аз хатти сарҳад ва пинҳон намудани онҳо дар макони наздисарҳадии сукунати одамон аз созишҳои ҳосилшуда канор меравад. Аз ин лиҳоз, масъулияти сар задани дилхоҳ таниши навбатӣ дар хатти сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон пурра бар зиммаи Қирғизистон хоҳад буд.

Роҳбарияти кишвари ҳамсоя дар суханрониаш дар бораи фавти шаҳрвандони худ ва хисороти моддӣ хабар дода, чунин вонамуд кард, ки ин мусибат дар сарҳад танҳо онҳоро дарёфт. Далелҳо дар бораи дигар чиз мегуянд. Дар натиҷаи пархошкории ҳарбӣ аз тарафи Қирғизистон зиёда аз 40 нафар кушта ва наздики дусад шаҳрванди мулкии Тоҷикистон захмӣ шуданд. Занҳои ҳомила, кӯдакону калонсолон, духтурон, инчунин мусулмонҳои ботақво – ширкаткунандагони маросими ҷаноза дар масҷид аз зумраи онҳо буданд.

Ба ҷуз объектҳои наздисарҳадӣ, инчунин мактабҳо, шифохонаҳо, муассисаҳои ҷамъиятии фарҳангӣ, хонаҳои истиқоматӣ, инфрасохтор ва васоили иртиботот хароб шуданд. Пас пархошкор (агрессор) кист?

Айни ҳол Тоҷикистон барои бозсозии хонаҳои вайроншуда ва инфрасохтори ҳаётан муҳим маблағи зиёдеро равона карда истодааст.

Мусибати рухдода дар навоҳии сарҳадӣ тасодуфӣ нест. Ҳанӯз аз тирамоҳи соли гузашта ҳамсояҳои мо ба пархошкорӣ (агрессия) омодагӣ медиданд, ки дар бунёди инфрасохтори ҳарбӣ дар наздикии марзҳои мо мушоҳида мешуд.

Ҳамосяҳои мо солҳои ахир, аз ҷумла аз ин минбари баланд, аз аҳаммияти шоҳроҳи нақлиётии байналмилалӣ ва эҷоди шароити мусоид барои ҳамлу нақл мегуянд ва ҳамзамон хостори “рафъи саддҳо (монеаҳо) дар роҳи ҳамкории иқтисодӣ, соддакунии тартиботи гузариши сарҳадҳо ва убур байни кишварҳо ва минтақаҳо” мебошанд. Ҳамзамон Қирғизистон аксар вақт барои интиқоли борҳо ба/аз Тоҷикистон тавассути нигоҳдории васоити нақлиёт бо тоннаҳо борҳои мо мушкилиҳо эҷод менамояд.

Муҳтарам ҷаноби Раис,

Шоистаи зикр аст, ки ба мо муяссар шуд, ки масъалаҳои сарҳадиро бо Чин ва Ӯзбекистон ҳаллуфасл намоем ва ин натиҷаи меҳнати дарозмудаати ҳама тарафҳост.

Мо таҷрибаи зиёдеро касб намудем, ки муҳим аст ҳангоми ҳалли масоили сарҳадӣ бар мабнои эҳтироми мутақобила, боварӣ ва ошкоро ба таври том истифода шавад.

Дар таърихи 20-солаи музокирот бо Қирғизистон мо даҳҳо протокол имзо кардаем. Аммо, бо гузашти вақту тағйири қувваҳои сиёсӣ дар қудрат, ин санадҳо таҷдиди назар мешаванд ва танҳо он муқаррароте, ки танҳо ба он тараф мақбул аст, мавриди иҷро қарор мегиранд.

Ба ҳолати имрӯз, ҳар ду кишвар тавонистанд, то 602,5 км-и сарҳадро ҳамоҳанг намуда, шарҳи лоиҳавии онро омода намоянд, ки ин 61 фисад аз дарозии умумии онро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон, бо такя ба таҷрибаи байналмилалии муайянсозии сарҳадҳо, борҳо ба ҳамсояҳо пешниҳод намуд, то натиҷаҳои кори бисёрсоларо дар ин самт тавассути имзои шартнома дар бораи қитъаҳои алоҳидаи сарҳад аз лиҳози юридикӣ қайд намояд. Аммо ҳамсояҳои мо ин пешниҳодро қатъиян қабул надоранд.

Роҳбарияти Қирғизистон аз ин минбари баланд ба Созишнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Эъломияи Алмато ишора ва онҳоро ҳамчун асоси ҳуқуқӣ ҷиҳати муайянсозии сарҳади давлатӣ маънидод кард.

Аммо бояд таъкид кард, ки масъалаи муайянсозии хатти сарҳад мавзӯе нест, ки ин санадҳо онро танзим намоянд. Боиси таассуфи амиқ аст, ки Қирғизистон бо такя ба бархӯрди яктарафа, ҷонибдорона ва аз пеш таъйиншуда шурӯъ аз солҳои 50-уми асри гузашта худсарона зиёда аз 2110 километри мураббаъ замини қонунан мансуб ба Тоҷикистонро ғасб намудааст. Ба ин нукта низ ҳамсояҳои мо ишора накарданд.

Мехоҳам ба Маҷмаи Умумӣ иттилоъ диҳам, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати шарҳи гузариши хатти сарҳади давлатӣ мутобиқ ба тақсимоти марзӣ-ҳудудии солҳои 1924-1927 ба созиш расидаанд.

Маҳз ҳамин санадҳо ҳамаи тартиботу равишҳои конститутсиониро гузашта, аз ин лиҳоз заминаи ягонаи ҳуқуқии идомаи раванди музокиротро ташкил медиҳанд.

Новобаста ба ин, ба мақсади нишон додани ҳусни ният ва хушоҳангии ҳадди аксар мо бо ҳамсояҳо розӣ шудем, ки ҳамчунин маводди комиссияи баробарии соли 1989-ро, ки Қирғизистон пешниҳод кард, истифода намоем.

Масъалаҳои сарҳадӣ бо изҳороти ҳавоӣ ва эҷоди ҳолатҳои буҳронӣ ҳал намешаванд. Кори ҳаррӯзаи муштарак ва ботафаккури ба ҳусни нияти тарафҳо асосёфта лозим аст.

Мо омодаем, ки музокиротро идома диҳем ва муътақидем, ки мардумони тоҷику қирғиз ҳақ доранд ҳамроҳ дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ҳамоҳангӣ зиндагӣ ва эҷод кунанд.

Тоҷикистон, ки ваҳшати низои дохилиро аз сар гузаронидааст, қадри сулҳро медонад ва ҳамаи талошҳои худро ба он равона мекунад, ки дар минтақаи мо суботу амният ҳукмфармо бошад.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *