Вазири дифои Русия Сергей Шойгу бо ҳамтои тоҷики худ Шералӣ Мирзо дар як тамоси телефонӣ масоили амнияти минтақаро баррасӣ кардааст.
Тавре дафтари матбуоти вазорати дифои Русия хабар медиҳад, вазирон ҳамчунин вазъи ҳамкориҳои низомӣ ва низомию фаннии Русияву Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Гуфтанист, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ки рӯзи 28 июн ба Душанбе омада, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқот карда буд.
Ба иттилоъи манбаъ, зимни мулоқот Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон равобити дуҷониба ва авзоъ дар минтақаро бо таваҷҷуҳ ба Афғонистон гуфтушунид кардаанд. Ҳамчунин дурнамои пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ шудааст.