Рубрики Хабарҳо

Ширкати Samsung муодили 4,57 млрд доллари ИМА ба зарарӣ молӣ ру ба ру шудааст

Ширкати Samsung-и Кореяи Ҷанубӣ, чанде пеш  аз ҳамаи шарикони худ дар ҷаҳон хоҳиш карда буд, ки дар муддати санҷиши расмӣ фурӯш ва табодули смартфонҳои Galaxy Note 7-ро бинобар сабаби мушкилот дар батареяҳояшон қатъ созанд.

Ин сабаб шуд, даромади ин ширкати бузурги ҷаҳонӣ дар семоҳаи савуми соли равон  ба андозаи 30% поин рафта, муодили  4,57 млрд. доллари ИМА- зарари молӣ бинад.

Бино ба маълумоти , дар воҳиди мобилӣ даромад аз амалиёт 90 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки камтарин аз семоҳаи чоруми соли 2008 аст.

Дар ҳамин ҳол, пули фурӯши Samsung дар семоҳаи сеюм ба миқдори 7,5% кам шуда, 43 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар воҳиди мобилӣ даромад аз фурӯш 15,3% — то 20,29 млрд. доллари ИМА поин рафтааст.

Дар ширкати Samsung беҳтар шудани нишондиҳандаҳои молиявӣ, аз ҷумла даромади воҳиди мобилиро дар семоҳаи 4-ум интизорӣ доранд.

Қобили зикр аст, ки яке аз смартфонҳои Galaxy Note 7 баъди камтар аз як шабонарӯз харидорӣ шуданаш аз ҷониби сокини 25-солаи Чин Хуэй Ренҷи дар дасти молики он таркида, бар асари он ду ангушти ӯ каме осеб дид. Пас аз ин 10 октябр ширкати Samsung изҳор дошт, ки истеҳсоли смартфонҳои Galaxy Note 7 муваққатан боздошта мешавад.

Аксарият ширкатҳои ҳавопаймоӣ  ба муштариёни худ  ҳамроҳи худ  бо смартфонҳои Galaxy Note 7 вориди ҳавопаймо шуданро манъ карданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *