Эмомалӣ Раҳмон, номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ ва раисҷумҳури феълии Тоҷикистон ваъда медиҳад, ки Маҷмӯъаи маҳсулоти дохилии кишварро ду баробар бештар хоҳад кард. Ин ваъдаи ӯ дар дар барномаи пешазинтихоботиаш дарҷ шуда, ки дар шакли варақа тақсим мешавад.
Дар сурати мҷро шудани ин ваъдаи раисҷумҳур, Маҷмӯъаи маҳсулоти дохилии Тоҷииктсон аз марзи 16 млрд доллар убур хоҳад кард.
Номзад ҳамчунин ваъда кардааст Тоҷиикстонро дар ҳафт соли оянда ба сатҳи кишварҳои даромадашон миёна хоҳад расонд. Ҳоло Тоҷикистон яке аз қашшоқтарин кишварҳои ҷаҳон маҳссуб мешавад, ки дар сатҳи ҷанд кишвари африқоӣ қарор дорад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин рушди устуворро бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтӣ ва рақобатнокии иқтисоди миллӣ таъмин карданист.
Дар барномии номзад ҳамчунин омадааст, ки табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45% расида, нишондиҳандаи табақаи камбизоат ба 18% поин хоҳад рафт.
Аммо коршиносон ба ваъдаҳои пешазинтихоботии раисҷумҳур ба шубҳа менигаранд ва мегӯянд, ки ҳатто агар ваъдаҳои ҳамеша иҷронашвандаи Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба назар гирифта нашавад, чунин суръати рушд бо шароити феълии Тоҷикистон тақрибан ғайриимкон аст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ваъда додааст сифати хизматрасониҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро тадриҷан баланд бардошта, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба ин бахш бо дарназардошти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ зиёда аз 123 млрд сомонӣ равона месозад.
Аз ваъдаҳои дигари ӯ густариши ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.