Ситоди наҷоти Ҳамза аз баргузории тазоҳурот дар кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Вилнюс, Варшава, Вена ва ӯайра эълон кард. Ин тазоҳурот бо талаби раҳо кардани Ҳамза ва фиристоданаш барои табобат баргузор мегардад.
Ду узви ситод — Алим Шерзамонов ва Вайсиддин Одинаев дар як баёнияи видеоӣ дар ин бора хабар доданд. Алим Шерзамонов гуфт “имрӯз дар ситоди “Наҷоти Ҳамза” тасмим гирифта шуд, ки дар соири кишварҳои ғарбӣ аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон тазоҳуроти густарда оғоз мешаванд.”
Рӯзи чоршанбе мақомот эълон карда буданд давмои ду рӯз ҳуҷҷатҳои Ҳамза омода хоҳад шуд, вале бо гузашти 5 рӯз ҳанӯз хабаре аз ҳуҷҷатҳо нест.
Бархе аз фаъолони сиёсӣ мегӯянд тазоҳурот то замони озодии Ҳамза идома хоҳад кард.
Мурочиатномайи хайати» Ситоди омодагии тазохуротхо баройи начоти Иброхим ( Хамза ) » ба хамдиёрон ва ононе ки омодайи пикет ва тазохуротхо мебошанд
Posted by on Monday, July 30, 2018