Рубрики Хабарҳо

КДАМ аз убури ғайриқонунии қочоқбарон пешгирӣ кардааст

Аз убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон аз ҷониби чанд қочоқбари афғонӣ  пешгирӣ шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар дода навишт, ки як нашъаҷаллоб ҳалок ва яке захм бардоштаанд

Тибқи иттилои манбаъ, ҳодиса шаби 13-ум ба 14-уми уми июн рух додааст.

Гуфта шудааст, ки «гурӯҳи қочоқбарони трансмиллии афғон бо сардории шаҳрванди Ҷумҳурии Иисломии Афӯонистон бо номи Ҳоҷӣ Абдухолиқ валади Ҳоҷӣ Муҳаммадсиддиқ, тахминан 35-сола, сокини қарияи Навободи вулусволии Чаёби вилояти Тахори Афғонистон мақсад доштанд, ки дар минтақаи хизматии дидбонгоҳи сарҳадии «Чубек»-и қисми ҳарбии 0307-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ хати марзро гузашта, миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадорро ба ҳудуди Тоҷикистон интиқол диҳанд».

Қочоқбарон ҳангоми гузаштан аз минтақаи сарҳадӣ ба фармони гурӯҳи оперативӣ-ҷангӣ дар хусуси таслим шудан, итоат накарда, аз силоҳи оташфишон муқобили онҳо оташ кушоданд.

Дар иттилоия омадааст, ки дар рафти муқобилияти шадиди мусаллаҳона, як нафар қочоқбар безарар гардонида шуд. Нафари дуюми узви гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, новобаста аз гирифтани ҷароҳати сабук, бо истифода аз торикии шаб тавонист ба хоки кишвари ҳамсоя фирор намояд.

Дар рафти азназаргузаронии макони ҳодиса ҷасади саркардаи қочоқабарон, Ҳоҷӣ Абдухолиқ валади Ҳоҷӣ Муҳаммадсиддиқ, як адад автомати Калашников, як адад тирдон бо 38 дона тир, як борхалтаи  полиэтиленӣ бо 10 баста  воситаи нашъадор дарёфт ва мусодира гардидааст.

Нисбат ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз  гардида,  тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *