Рубрики Хабарҳо

Шаҳодати узви РО ҲНИТ дар зиндони Хуҷанд

Бобоев Абдусаттор, собиқ раиси бахши ноҳиявии Ҳизби наҳзаи исломии Тоҷикистон ва узви Раёсати олии ин ҳизб дар зиндони Хуҷанд ба шаҳодат расид.

Тибқи иттилои манбаъи Паём мақомот сабаби фавти Бобоев Абдусаттори 66 соларо аз бемории қалб унвон кардаанд. Аммо, ин манбаъи мо мегӯяд, ба гумони ғолиб аз COVID-19 ба шаҳодат расидааст. Зеро аз гирифторияш ба ин вирус чанд рӯз пеш пайвандонаш огоҳ шуда будаанд.

Бобоев Абдусаттор санаи 29-уми октябри соли 1954 дар мааҳаллаи Сари Ҳисори ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ба дунё омадааст. Ба ҳайси мусоҳиб дар идораи Селпо (ҷамъияти масрафкунандагони русто) кор карда, дар кӯтоҳмуддат ба вазифаи сармуҳосибӣ расидааст. Бинобар ҳалолкориаш, ки дар дар як муддати кӯтоҳ  миёни мардум нуфузи бисёр пайдо намудааст. 

Соли 2010 вакили маҳаллаи Сари Ҳисори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ интихоб шуд. Чанд маротиба чун беҳтарин вакил ва фаъоли ҷомеа аз ҷониби мақомоти шаҳр бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ ҳам шуда буд. 

Эътибори ӯ дар ҷомеъа ва мутахассиси хуб буданаш боис шуд мақомот чанд маротиба кӯшиш кунанд Абдусаттор Бобоев аз узвияти ҲНИТ даст кашад. Аммо на даъват на фармон ва на таҳдидашон ҳам кор нагирифт, бо роҳи иҳонату  тӯҳмат гузаштанд. 

Дар мавҷи ҳабсҳои густарда дар сентябри соли 2015 Абдусаттор Бобоевро ҳам бо иттиҳоми нигоҳ доштани 24 дона тир дар манзили шахсиаш,  дастгир намуданд. 

Ба гуфтаи наздиконаш, нимаи дуюми 22-юми сентябри соли 2015, бегоҳи иди Қурбон буд, ки чор мошин бо кормандони либоси низомӣ доштаи шӯбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара ҳозир шуданду бо тӯҳмати нигаҳдории тир дар хона, бурданд. 

Мурофиаи суди паси дарҳои баста гузашт ва касе аз вақти баргузориаш огоҳ ҳам набуд. Бо моддаи 184 банди б  ва 307-и кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 11 сол равонаи зиндон карданд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *