Рубрики Хабарҳо

Вазъият дар Торхам, марзи Покистону Афғонистон муташанниҷ аст

Вазъият дар ин гузаргоҳи Торхам, воқеъ дар марзи Афғонистону Покистон муташанниҷ аст ва нерӯҳои Толибон ва марзбонони покистонӣ дар ҳоли омадубош қарор доранд. Дар ин бора Афғонистон Интернэшнл бо истинод ба манобеъаш аз Торхам хабар медиҳад. 

Ба гуфтаи манобеъ Толибон дарвозаи Торхамро аз ҳузури мусофирон ва корвони мошинҳои бозаргонӣ холӣ кардаанд. 

Як шоҳиди айнӣ аз маҳал гуфтааст, ба ҳеҷ касе иҷоза дода намешавад аз Торхам убур кунад, ҳатто ба ҷаноза ва беморон. 

Хонаводаи як кӯдаки афғон, ки ба далели ибтило ба тумори мағзӣ дар шифохонае дар Покистон ҷон бохт, гуфтаанд бо ҷанозаи кӯдаки худ барои дувумин рӯз дар Торхам саргардон аст. 

Нерӯҳои Толибон ва марзбонони Покистон рӯзи чаҳоршанбе (6 сенябр) дар марзи Торхам даргир шуданд. 

Вазорати дохилаи Толибон иддао кардааст, ки афроди ин гурӯҳ ба ҳамлаи Покистон вокуниш нишон додаанд. Мақомоти покистонӣ аммо Толибонро масъули шурӯъи тирандозӣ донистанд. 

Ин тирандозӣ зӯҳри рӯзи чаҳоршанбе оғоз шуд ва ҳудуди ду соат тӯл кашид. Манобеъи маҳаллӣ ба Афғонистон Интернэшнл гуфтанд тирандозӣ замоне оғоз шуд, ки Толибон ба сохтусози як истгоҳи бозрасӣ дар наздики дарвозаи Торхам оғоз карданд ва нерӯҳои покистонӣ хостанд монеъи он шаванд. 

Мақомоти покистонӣ гуфтаанд Толибон ин истгоҳи бозрасиро бидуни тафоҳум бо мақомоти ин кишвар дар минтақае месозад, ки қарор набуд дар он истгоҳи бозрасӣ сохта шавад. 

Манобеъи маҳаллӣ ба Афғонистон Интернэшнл гуфтанд дар ин даргирӣ дасти кам ду узви Толибон кушта ва як низомии Покистон захмӣ шудааст. 

Расонаҳои Покистонӣ гузориш доданд намояндагони ду тараф қабл аз шурӯъи даргирӣ, ҷаласае бо ҳамдигар баргузор карда буданд. Бо ин ҳол маълум нест дастури кори ҷаласа чи буда ва ихтилоф бар сар чӣ мавзӯъе боис шудааст ду тараф ба сӯи ҳамдигар шиллик кунанд. 

Абдулбасир Зобулӣ, сухангӯи фармондеҳи пулиси Толибон дар Нанигарҳор гуфтааст ду тараф дар талошанд то дар бораи авомил ва ангезаи даргирӣ бо ҳамдигар гуфтугӯ кунанд. 

Торхам, гузаргоҳи аслии транзити коло ва мусофирон байни Афғонистон ва Покистон аст. Бар асоси омори расмии рӯзона чанд ҳазор мусофир аз ин роҳ убур мекунанд. 

Зиёулҳақ Сарҳадӣ, раиси утоқи муштараки бозаргонӣ ва саноеъи Покистон ва Афғонистон ба хабаргузории Рейтерз гуфтааст садҳо мошинҳои пур аз мева, сабзавот ва дигар колоҳо ба далели баста шудани Торхам дар роҳ банд мондаанд. 

Ба гуфтаи Сарҳадӣ бозаргонон пас аз ин даргирӣ, хисороти сангине дидаанд. 

Ба гуфтаи ӯ кулли ҷараёни тиҷорат дар ин минтақа халалдор шуда ва вазъият бар сари боргирӣ дар Карочӣ низ таъсир гузоштааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *