Рубрики Хабарҳо

Дар Хуҷанд мурофиъаи Хуршед Фозилов шурӯъ шуд

Имрӯз, 25 май дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд мурофиъаи додгоҳии рӯзноманигор Хуршед Фозилов шуруъ шуд. Дар ҳамин ҳол, масъулияти муҳокимаро раиси Додгоҳи шаҳри Панҷакент ба дӯш дорад.

Радиои Озодӣ бо истинод ба Хушбахт Фозилов, бародари Хуршед Фозилов хабар мдеиҳад, ки ба мурофиа танҳо вакили мудофеъ ва ду шоҳид роҳ ёфтаанд.

«Ба наздикон иҷозаи даромадан надоданд. Модару хоҳарам дар беруни боздоштгоҳ мунтазири баррасии қазия ҳастанд,» – гуфтааст бародари рӯзноманигор.

Муфаттишони идораи амнияти вилояти Суғд рӯзи 10-уми майи имсол таҳқиқи парвандаи Хуршед Фозиловро ба поён расонданд.

Ӯ ба узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) гумонзад аст. Худаш рад кардааст. Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом аз панҷ то ҳашт соли зиндонро дар назар дорад.

Хуршед Фозилов дар аввали моҳи марти имсол аз тарафи маъмурони амниятӣ дар шаҳри Панҷакент дастгир шуд.

Вай бештар дар масъалаҳои иҷтимоӣ, бахусус мушкили мардуму камбуди мақомот менавишт. 37-сола ва падари се фарзанд аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *