Рубрики Хабарҳо

Дидори намояндаи вижаи Амрико дар Афғонистон бо гурӯҳи Толибон

Рӯзномаи “Уолт стрит журнол эълом кард, ки Залми Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар Афғонистон рӯзи ҷумъа бо гурӯҳи Толибон дар Қатар дидор кардааст.

Вазорати умури хориҷаи ИМА ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардааст. Гуфта мешавад, ин дувумин дидори мақомоти амрикоӣ бо гурӯҳи Толибон тайи чаҳор моҳи ахир будааст.

Залми Халилзод, ки ба тозагӣ ба симати намояндагии вижаи Амрико дар Афғонистон таъйин шуда, аз 4 то 14 октябр дар чорчӯби сафари корӣ дар ҳоли дидор аз Афғонистон, Покистон, Амороти муттаҳидаи арабӣ, Қатар ва Арабистони Саудӣ аст.

Вазорати хориҷаи ИМА низ пеш аз ин эълом карда буд, ки Халилзод талош хоҳад кард, то гурӯҳи Толибонро ба пойи мизи музокирот бикашонад.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *