Дар дохили ҳавопаймое, ки аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон парвоз мекард, як шаҳрванди Тоҷикистон вафот кардааст.
Тавре akhbor.com хабар медиҳад, ҳавопаймо ба далели марги мусофираш маҷбур шудааст, ки парвозро қатъ карда, дар фурудгоҳи шаҳри Оренбурги Русия бинишинад. Мақомот мегӯянд, муҳоҷири тоҷик зоҳиран аз сактаи қалб ҷон додааст.
Ин ҳодиса санаи 13 феврал ба вуқӯъ пайвастааст.
Тибқи манбаъ, ҳангоми парвоз аҳволи яке аз мусофирон, шаҳрванди 55-солаи Тоҷикистон бад мешавад. Аъзои экипажи ҳавопаймо талош мекунанд ба ӯ ёрии тиббии аввалия расонанд, вале ин кӯшишҳо натиҷа надода ва ин мард дар дохили ҳавопаймо ҷон медиҳад.
Муфаттиши шуъбаи тафтиши нақлиёти вилояти Оренбург ба нашрияҳои маҳаллӣ гуфтааст: «Ба ҷои ҳодиса гуруҳи тафтишотӣ фиристода шуд. Ҷасади ин мардро барои муайян кардани сабаби маргаш ба сардхона (морг) интиқол доданд. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ин мард бар асари сактаи қалб ҷон додааст.”
Исми шаҳрванди дар ҳавопаймо ҳалокшудаи Тоҷикистон нашр нашудааст. Танҳо гуфта мешавад, ки соли таваллудаш 1963 будааст.