Рубрики Хабарҳо

Иттиҳоду ҳамбастагӣ ҷавҳари пирӯзӣ

Муттаҳид шудан ва улфат овардан байни муборизини роҳи адолат яке аз фаризаҳое аст, ки Худованд болояш таъкид кардааст. Ихтилоф андохтан ва тафриқа кардан кори душманони дин ва душманони адолат аст.

Улфату дустӣ неъматест,ки Худованд аз ин неъмат дар ду сураи Қурон тазакур додааст. Яке дар сураи Оли Имрон ояи 103, ки мефармояд:

«Ва ҳамагӣ ба ресмони Худо (яъне Қуръон) чанг бизанед ва пароканда нашавед. Ва неъмати Худоро дар бораи худ ба ёд оред, он гоҳ ки бо ҳам душман будед, пас миёни дилҳои шумо улфат афканд, пас ба неъмати Ӯ бародари ҳамдигар шудед. Ва шумо бар лаби гудоле аз оташ будед (яъне дар лаби ҷарии оташи дӯзах будед) пас шуморо аз он раҳонид. Худованд инчунин нишонаҳои худро барои шумо равшан мекунад, шояд шумо ҳидоят ёбед».

Ин ҳамон улфат ва дӯстие буд, ки байни қабилаҳои Авс ва Хазраҷ  дар замони ҳиҷрати Паёмбари Худо саллаллоҳу алаҳи ва саллам иттифоқ афтод. Ин неъмат фақат аз ҷониби Худо дода мешавад ва касе ин неъматро бо талош пайдо карда наметавонад. Далели даъвои ман аз ояи 63 сураи Анфол собит аст. Инҷо Худованд мефармояд:

«Ва миёни дилҳои онҳо улфат афканд, ки агар ҳаммаи он чи дар рӯи замин аст харҷ мекардӣ, наметавонистӣ миёни дилҳояшон улфат ва дӯсти афкани. Вале Худованд миёнашон улфату дӯстӣ афканд. Ҳар оина у ғолибу боҳикмат аст».

Ҳоло ки аз ин ояҳо собит шуд, ки улфату дӯстӣ фақат аз ҷониби Худо вориди дилҳо мешавад, пас мо чӣ бояд кунем, ки аз ин неъмати Худо бархӯрдор шавем?

Ҷавоби савол дар ояи 103 сураи Оли Имрон,ки дар боло зикраш рафт, равшан аст:

Ба ресмони Худо (яъне Қуръон) чанг бизанед ва пароканда нашавед!

Агар шумо, бародарони мубориз, вокеъан дилсӯзи дину миллат бошед нафрату бадбиниро канор гузошта, дар канори якдигар саф зада, монанди як бинои мустаҳками фӯлодӣ шуда мубориза мебаред, то муҳаббати Худоро нисбататон дар ёбед. Худованд мефармояд:

«Ҳар оина Худованд дӯст дорад касонеро,ки дар роҳи у саф баста пайкор мекунанд, чун монанди хонаи фӯлодиянд.»

Барои дустон ва бародарону хоҳароне,ки дар ин роҳ ҳастанд, чи ба исломи сиёсӣ эътиқод доранд ё надоранд, муроҷиат карда мегӯям, ки ҳоло ҳеҷ натиҷае дар мубориза ба даст наомаадааст, ки байни худ барои ноил шудан аз саҳми ин натиҷа баҳсу ихтилофро роҳандозӣ кунем. Касе,ки ин ихтилофандозиро дар шабакаҳои иҷтимоъи роҳандозӣ мекунад, аз камоли бедонишиаш далолат мекунад, ё ин ки хидматгори дастаҳои ҷосусии ҳукумати Раҳмонуф аст. Бинобар ин муттаҳид шудан дар мубориза дар муқобили зулм низомро мехоҳад. Низоме, ки натиҷа бидиҳад, яъне дар муқобили зулм ғолиб ояд, зеро лашкаре, ки низом надорад, яъне аз як ҷой идора намешавад ва муттаҳидӣ дар он лашкар дида намешавад, баъид аст, ки ғолиб ояд. Худованд мефармояд:

«Ва касе,ки Худо ва Расули Худо ва мӯъмининро дӯст ва сарпараст бигирад (аз ҳизби Худо аст) Пас ҳар оина ҳизби  Худо ғолиб мешавад».

Донишмандон ва муфассирон ҳизбро ба лашкар ё гӯруҳ тарҷума кардаанд ва поён ёфтани ин ояҳро бо калимаи ғолиб ҳикматашро дар он медонанд, ки лашкар ва ё гӯруҳ одатан дар истилоҳи фарҳанг, ба ҷамъияти мардуме мегуянд, ки дар атрофи як раҳбар ва бо низом идора мешаванд. Дар ин сурат ғолибиятро ба даст меоранд. Ғолиб шудан бар душман натиҷаи дунявист на натиҷаи ухравӣ. Зеро дар дунё ҳариф дорӣ, ки он душмани туст ва дар охират касе ҳариф надорад. Ва онҷо фақат муҳокама мешавӣ, ё маҳкум мешавӣ ё растагор мешавӣ.

Пас дар ин оя Худованд мегуяд, ки дар сурате шумо дар муқобили душман пирӯз мешавед, ки бо низом дар атрофи як раҳбар мунсаҷим бошед ва ҳар назари ихтилоф доред, канор гузоред.

Муҳаммадсиддиқи Абдуқодир

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *