Дар Фаронса барномае қабул шудааст, ки тибқи он калисоҳои католикӣ ба ихтиёри мусалмонон вогузор мешавад.
Вазорати корҳои дини Фаронса барномаи чорсолаеро тасвиб кардааст, ки мувофиқи он 52 калисои католикӣ дар саросари кишвар ба мусалмонон дода шуда, ба масоҷид табдил мегардад.
“Шумори зиёде аз фаронсавиҳо ба ислом мегараванд. Ғайри онҳо ин дини аксари муҳоҷирон аст, ки шаҳрванди Фаронса мешаванд. Католикҳо то рафт камтар мегарданд, чун мардум дарк кардаанд, ки насроният кӯҳна шудааст. Умедворам баъди 50 сол ин мушкил бо роҳи табиӣ ҳал хоҳад шуд”, — гуфтааст вазири корҳои дини Фаронса Мусо Ҳарирӣ.
Оғози барнома моҳи майи соли 2018 буда, охирин калисо моҳи ноябри соли 2022 ба мусалмонон тааллуқ хоҳад гирифт.