Рӯзноманигор ва блогери маъруфи укроинӣ Дмитрий Гордон, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, истеҳсоли дронҳои эронӣ дар Тоҷикистон ва ба куҷо рафтани онҳоро таҳқиқ кунанд. Қаблан ӯ иддао карда буд паҳподҳои эронӣ, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, дар ҷанги Русия алайҳи Укроин истифода мешаванд.
Аммо Вазорати хориҷии Тоҷикистон ин иддаои журналистро рад кард ва гуфт “Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм таҷҳизоти низомӣ намефиристад”
Гордон дар мусоҳиба бо бахши узбекии Радиои Озодӣ, рӯзи 31 октябр гуфтааст «шояд ба кишварҳои сеюм намефиристанд. Суоли ман ин аст, ки ба кишварҳои аввал, дуюм ва чорум чӣ? Тамоми ҷаҳон хабар дорад, ки дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли дронҳои эронӣ вуҷуд дорад. Тамоми ҷаҳон медонад, ки Русия аз Эрон дрон мехарад. Тамоми ҷаҳон медонад, ки бо мадади дронҳои эронӣ Русия аҳолии мулкии Украинаро мекушад ва зерсохторҳои кишвари моро бомбаборон мекунад. Боз чӣ гуфтан лозим? Ҳама чиз маълум аст.”
Рӯзноманигор укроинӣ гуфтааст “Ман аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунам, дар ин бора таҳқиқот гузаронанд. Маълум кунанд, ки чӣ навъи дронҳо дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд ё мешуданд. Дар хоки Тоҷикистон корхонаи кадом кишваре ҷой дода шудааст ва дронҳои истеҳсолшуда ба куҷо бурда мешаванд.”