Комиссариати олии мустақили ҳуқуқи башари Ироқ эълом кард то кунун 74 нафар дар тазоҳуроти зидди давлатӣ дар саросари ин кишвар кушта шудаанд.
Комиссарияи олии мустақили ҳуқуқи башари Ироқ тайи баёнияе эълом кард: То кунун 74 нафар дар тазоҳуроти зидди давлатӣ дар Бағдод ва устонҳои ҷанубии ин кишвар, ки рӯзи ҷумъа аз сар гирифта шуд, ҷони худро аз даст додаанд.
Ҳамчунин 3654 нафар аз ҷумла бисёре аз нерӯҳои амниятии Ироқ низ захмӣ шуданд. Бар асос ин баёния маъмурон дар Бағдод, Мисон, Басра ва Закор ҷиҳати муқобила бо мӯътаризон аз гази ашковар ва бомби савтӣ истифода кардаанд.
Яксаду панҷоҳу се нафар дар устонҳои Басра, Закор ва Бобил боздошт ва 123 тан аз онон озод шудаанд. 90 сохтмони мутааллиқ ба ниҳодҳои давлатӣ ва аҳзоби сиёсӣ низ ба оташ кашида шуда ва осеб дидаанд.
Панҷоҳ тан аз мӯътаризони ироқӣ дар Карбало захмӣ шуданд
Яке аз масъулини бемористони Ал-Ҳусайн дар Карбалои Ироқ ба хабаргузории Анатолии Туркия гуфтааст: бар асари даргирии шаби гузашта дар атрофи устондорӣ ва сохтмонҳои давлатӣ 50 тан аз мӯътаризон ва 10 нафар аз нерӯҳои амниятӣ маҷрӯҳ шудаанд.
Вай афзуд: Нерӯҳои амниятӣ барои пароканда кардани тазоҳурот ба сӯи мӯътаризон тирандозӣ кардаанд.
Дар ҳамин росто мӯътаризон мақари созмони “Бадр” ва манозили масъулини бархе аҳзоб дар устони Бобил воқеъ дар ҷануби Ироқро ба оташ кашидаанд.
Комиссариати олии мустақили ҳуқуқи башари Ироқ эълом кардааст: То кунун 74 нафар дар тазоҳуроти зидди давлатии ахир дар Бағдод ва устонҳои ҷануби ин кишвар кушта ва 3654 нафар аз ҷумла бисёре аз нерӯҳои амниятии Ироқ низ захмӣ шуданд.
Гуфтанист мардуми Ироқ дар Бағдод ва манотиқи ҷануби ин кишвар аз ибтидои октябри ҷорӣ дар эътироз ба фасод, бекорӣ ва камбуди хадамоти умумӣ тазоҳурот мекунанд. Дар ин тазоҳурот то кунун беш аз 200 нафар кушта ва тақрибан 8000 тан дигар низ захмӣ шудаанд.