Вазири умури хориҷаи Эрон эълом кард дар шароите, ки саудиҳо алоқаманд ба музокира шудаанд, агар масоили минтақаро пойи мизи музокира ва на бо куштани мардум думбол кунанд, ҳамроҳи онҳо хоҳем буд.
Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар посух ба саволе дар бораи дархости Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистони саудӣ аз Ироқ ва Покистон барои миёнҷигарӣ бо ин кишвар гуфт: ҳамвора омодаи ҳамкорӣ бо ҳамсоягони худ барои амнияти минтақа ҳастем, ин мавзеъро ба таври расмӣ низ эълом кардаем.
Ба гузориши хабаргузории “Хонаи миллат”, вай афзуд: Дар шароит ва вазъияте, ки саудиҳо алоқаманд ба музокира бо Эрон шудаанд, агар масоили минтақаро пойи мизи музокира ва на бо куштани мардум думбол кунанд, Ҷумҳурии Исломиро ҳам қатъан ҳамроҳ бо худ хоҳанд дошт.
Зариф ҳамчунин таъкид кард, ки Ҳасан Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар ҳамин росто тарҳи “эътилофи умед” ва «сулҳи Ҳурмуз”- ро дар нишасти маҷмаъи умумии Созмони милали муттаҳид эълом кард.