Шабакаҳои телевизионии давлатӣ гузориш доданд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳе аз ба мансабдорони кишвар, ки “саҳми худро дар бунёдкорӣ гузоштаанд” тӯҳфаҳо дод. Чанд мансабдори тоҷик барои бунёди иншоот аз ҳисоби худашон ба тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби раисҷумҳур “қадрдонӣ шуданд”.
Дар маҷлиси Ҳукумат, ки 29 ноябр баргузор гардид, озмуни бунёдкорӣ натиҷагирӣ шуд, ки дар он мансабдороне чун Давлаталӣ Саидов, муовини аввали сарвазир, худи сарвазир Қоҳир Расулзода, Юсуф Раҳмон, додситони кул, Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ, Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Нуриддин Саид, вазири маориф, Шерхон Салимзода, раиси Ожонси назорати маводи нашъаовар, Рустами Шоҳмурод, вазири адлия Шералӣ Кабиров, мудири “ТАЛКО”, Комили Мирзоалӣ, роҳбари корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба мукофоту ҷоизаҳои раисҷумҳур “сарфароз шуданд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷоизаву тӯҳфаҳо гирифтани 41 ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ иттилоъ медиҳад. Ин манбаъ мегӯяд, то ҳол аз ҷониби 86 вазорату идора ва шахсони алоҳида дар шаҳри Душанбе 92 майдончаи варзишию бозии кӯдакон бунёд ва таҷдиду навсозии 12 боғу гулгашт амалӣ гардид. Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи Ҳукумат гуфт, дар соли 2019, то ҷашни Истиқлолият дар кишвар 8 гулгашту 58 майдончаи варзишии замонавӣ бунёд мегарданд.
Мансабдорони зикршуда ва чандин мансабдори зикрнашудаи дигар, аз ҷумла Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохила, Шералӣ Мирзо, вазири дифоъ, Озода Раҳмон, раҳбари дастгоҳ ва духтари раисҷумҳур, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аз ҳисоби худашон дар нуқоти гуногуни кишвар иншооти зиёд, аз чумла боғу гулгаштҳо, мактабу боғчаи бачагон, бунгоҳҳои тиббӣ ва ғайра бунёд кардаанд.
Гуфтанист, ки маоши вазирон дар Тоҷикистон аз 300 то 500 долларо ташкил дода, тиҷорат ва соҳикорӣ ба мансабдорони давлатӣ мамнӯъ гардидааст.