Рубрики Хабарҳо

Баҳси хатсайрҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистону Русия ҳанӯз ҳал нашудааст. Дар Маскав гуфтугӯ оғоз шуд

Масъалаи хатсайрҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистону Русия, ки баъди ради дархости ширкати ҳавопаймоии русии “Уралские авиалинии” аз ҷониби Тоҷикистон сар зада буд, дар нишасти Бишкек ҳам ҳал нашуд ва ҳанӯз идома дорад.
Дар изҳороте, ки ахиран Раёсати авиатсияи граждании Тоҷикистон пахш кардааст, гуфта мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон тамоми муқаррароти зикршуда дар созишномаи байни ду кишвар аз сентябри соли 1997-ро пурра иҷро мекунад ва барои мавсими тирамоҳ/зимистони 2016/2017 ҷадвали парвози ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро тасдиқ кардааст, аммо ҷониби русӣ ҷадвали парвози ширкатҳои тоҷикиро танҳо то 8 ноябр тасдиқ кардаанд.
Дар ҷадвали парвозҳо аз/ба Маскав, ки ин нишод пешниҳод кардааст, дида мешавад, ки аз фурӯдгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд баробарӣ (паритет) риоя мешавад, аммо байни фурудгоҳҳои Кӯлобу Қурғонтеппа ва Маскав танҳо ширкатҳои русӣ парвоз мекунанд:
Байни  Душанбе ва Маскав:
— аз ҷониби Тоҷикистон: «Сомон Эйр» — 7 парвоз ва «Тоҷик Эйр» — 7 парвоз;
— аз ҷониби Русия: «Ют Эйр» — 14 парвоз.
Байни фурудгоҳҳои Хуҷанд ва Маскав:
— аз ҷониби Тоҷикистон: «Сомон Эйр» — 3 парвоз ва «Тоҷик Эйр» — 4 парвоз;
— аз ҷониби Русия: «Сибир» — 7 парвоз.
Байни фурудгоҳҳои Кӯлоб ва Маскав:
— танҳо ширкатҳои русиягӣ «Уральские авиалинии» — 4 парвоз ва «Сибир» — 3 парвоз.
Байни фурудгоҳҳои Қӯрғонтеппа ва Маскав:
— танҳо ширкати русиягии «ВИМ Авиа» — 7 парвоз дар як ҳафта.
Дар ҳамин ҳол ҷониби Русия талаб дорад аз фурӯдгоҳи навбунёди Жуково парвози ширкати русии “Уралские авиалинии” иҷозат дода шавад.
Коршинос Абдуманнон Шералиев, ки таҷрибаи кор дар соҳаи авиатсияро дорад мегӯяд ҷониби Тоҷикистон набояд ба ин талаби Русия розӣ шавад.
“Парвози бидуни рақобат аз фурӯдгоҳи Жуково, ки хидматрасониаш ба маротиб аз фурӯдгоҳҳои Домодедова ва Шереметево арзонтар аст, ба “Ураоские авиалинии” имкон хоҳад дод, ки қисме аз муштариёни ширкатҳои тоҷикиро ба худаш ихтисос диҳад. Маскав сердаромадтарин самти парвоз барои ширкатҳои тоҷикӣ — Тоҷикэйр ва Сомонэйр аст ва аз даст додани он барои ҳар кадоме аз ин ширкатҳо гарон тамом хоҳад шуд. Қаблан аз фурӯдгоҳи Қӯрғонтеппа ширкати Истэйр, ки нимтоҷикӣ буду ба тоҷикистон андоз месупорид, парвоз мекард. Аммо ин ширкат тавассути рақибони тоҷикаш аз бозӣ ихроҷ шуд, ки дар натиҷа фурӯдгоҳи Кӯлобу Қӯрғонтеппа пурра ба ширкатҳои русӣ дода шуд. Дар сурати байни Душанбеву Масвав ва Хуҷанди Маскав роҳ додани як ширкати дигари русӣ ширкатҳои тоҷикиро дар ин самт ҳам рақобатнопазир карда, ин бозор пурра ба дасти русҳо хоҳад гузант, ки барои авиатсяи тоҷик фоҷеабор хоҳад буд. Эътироз накардани “ЮТэйр” ва “Сибир” ба парвози “Уралские авиалинии” нишони он аст, ки байни ширкатҳои русӣ созишномаи пинҳонӣ вуҷуд дорад.»

Дар ҳамин ҳол гурӯҳе аборат аз намояндагони Хадамаоти алоқаи гражданӣ ва ширкатҳои «Тоҷикэйр»-у «Сомонэйр» бо раҳбарии сардори Хадамоти авиатсяи граждании Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Раҳмон озими Маскав шуда, айни ҳол гуфтушунид байни ду ҳайат оғоз шудааст. Субҳи имрӯз Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Точикистон ваъда карда буд, ки ин ҳайат аз манофеъи ширкатҳои Тоҷикистон дифоъ хоҳад кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *