Рубрики Хабарҳо

Афзоиши содироти хушкмева: бинобар таҳримҳои Русия ё низоъ бо Қирғизистон?

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд таҳримҳои Ғарб зидди Русия ва хориҷ шудани ширкатҳои амрикоӣ ва аврупоӣ сабаби афзоиши содироти Тоҷикистон ба Русия шудааст. Дар ҳамин ҳол ҳолдонҳо мегӯянд афзоиши содирот ба таҳримҳои Русия бастагии камтаре дорад.

Гуфта мешавад ҳоло содироти оби минералӣ, хушкмева ва сабзавоти Тоҷикистон ба бозори Русия афзудааст ва ин афзоиш идома дорад.

Тибқи додаҳои оморӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ содироти оби минералии Сиёма ба Русия дар муқоиса бо ҳамин давраи соли қабл 25 дарсад бештар шуда аст. Ширкати «Сиёма» ба Рустами Эмомалӣ таъаллуқ дорад ва онро бародарон Мирзоевҳо идора мекунанд.

Ҳамчунин содироти хушкмеваи Тоҷикистон ба Русия дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 37 дарсад афзоиш ёфта аст. Дар ҳамин ҳол, бинобар сардиҳо дар айёми гули дарахтон, истеҳсоли хушкмева дар Тоҷикистон ду соли охир камтар шудааст. Содирот аз кадом ҳисоб бештар шудааст, мақомот иттилоъ намедиҳанд.

Дар ҳоле, ки истеъмоли хушкмева дар дохил минималӣ буд ва қисмати бисёр ками он дар кишвар боқӣ мемонд. Як содиркунандаи хушкмева ба Паём гуфт, ки истеҳсоли хушкмева, ба хусус зардолу ду соли охир ҳади ақал 30 дарсад камтар шудааст. Дар натиҷа содирот ҳам ба ҳамин андоза камтар гаштааст.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ содироти расмӣ воқеъан бештар шудааст. «Қаблан қисми асосии хушкмеваҳое, ки аз навоҳии Конибодом, Исфара ва Ашт — се ноҳияи истеҳсолкунандаи асосии хушкмева содирот мешуд, тавассути қочоқ ба Қирғизистон интиқол дода шуда, аз онҷо ба Русия мерафт. Ҳоло ин роҳ баста шудааст ва меваи хушк аз худи Тоҷикистон содирот мешавад» — гуфт ӯ.

Сабаби қочоқи бузургҳаҷми хушкмеваро ӯ ба гаронии боҷҳои гумрукӣ чи дар Тоҷикистон ва чи дар Русия нисбат медиҳад. Ба гуфтаи ӯ чун Қирғизистон узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аст, содирот аз он кишвар ба Русия бисёр арзон тамом мешавад.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон содироти гелос ва ангур ҳам ба Русия дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, афзоиши 20 дарсадиро нишон медиҳад. Аммо афзоиши содироти ин ду мева низ метавонад ба Қирғизистон рабт дошта бошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *