Шаби гузашта сокинони минтақаҳои наздимарзии Қирғизистон ва Тоҷикистон ба сӯи якдигар санг андохтанд. Дар ин бора Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст.
Манбаъ гуфтааст, ки тақрибан соати 00:10 дар минтақаи Торт-Кочои Ботканд, дар чорроҳаи Ботканд-Исфара ва Исфара-Ворух, ду мошин бозистоданд, ки ҳомили тоҷикон буданду онҳо гуиё маст будаанд.
Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон то кунун дар ин бора изҳори назар накардааст.
Ба гуфтаи Хадамоти марзбонии қирғиз, тоҷикон ба сӯйи шаҳрвандони Қирғизистон, ки савори ду мошин дар роҳи Ботканд-Исфара буданд, санг андохтанд.
— Дере нагузашта, сокинони як деҳаи марзии Қирғизистон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд ва онҳо низ ба сангандозӣ ба ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон шурӯъ карданд,-гуфтааст ин ниҳод.
Манбаъ менависад, ки бо мақсади пешгирии шиддат гирифтани низоъ, сарҳадбонон бо кормандони ВКД Қирғизистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд, ки пас аз он сокинони маҳаллӣ пароканда шуданд.
— Сардорони шӯъбаҳои мақомоти дохилии ҳарду тараф ба нақша гирифтаанд, ки дар бораи андешидани чораҳо нисбати вайронкунандагони тартибот ҷаласа баргузор кунанд «, — омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки феълан вазъ дар минтақаи мазкур мӯътадил ва зери назорат аст.