Дар шаш моҳи гузаштаи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти андози Тоҷикистон нақша дар сатҳи 102,2 фоиз иҷро шудааст. Ин маълумотро имрӯз 26.07.2017, Эмомалӣ Раҳмон, дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуд.
Дар бораи баргузории ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дафтари матбуотии Президенти Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба манбаъ дар кори маҷлис нахуст баромади Президент Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2017” шунида шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳини баромад таъкид намуд, ки дар шаш моҳи соли 2017 сарфи назар аз таъсири манфии идомаёбандаи вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ, тамоюли мусбии рушди иқтисодиёт дар кишвар таъмин гардид. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 24023,0 млн. сомониро ташкил дода, суръати афзоиши он ба 106,0 фоиз баробар гардид ва рушди воқеии иқтисодиёт асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 21,3 фоиз, кишоварзӣ 6,4 фоиз, гардиши савдои чакана 3,6 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 0,6 фоиз таъмин карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки «Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет дар сатҳи 99,5 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 9292,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид. Нақшаи воридоти андозҳо 96,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 6075,5 млн. сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 25,3 фоизро ташкил менамояд».
Бино ба маълумоти дар маҷлиси ҳукуматӣ ироанамудаи Президент, дар шаш моҳи гузаштаи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти андоз нақша дар сатҳи 102,2 фоиз, аз ҷумла пардохтҳои андозӣ 97,9 фоиз, воридоти ғайриандозӣ 149,9 фоиз ва андозҳои иҷтимоӣ 97,6 фоиз иҷро гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки имконоту захираҳои мавҷуда дар самти амалӣ намудани Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ба таври пурра ва самаранок истифода нагардидаанд.
«Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти дахлдор вазифадор гардиданд, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат бо дарназардошти таъмини нишондиҳандаҳои маҷмӯии миқдорӣ ва сифатии рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёт чораҳои амалӣ андешида, нерӯи зеҳниву кадрии сохторҳои худро пурра ва самаранок истифода баранд»-таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон