Рубрики Хабарҳо

Қонунӣ кардани фурӯши замин дар ин марҳала хиёнат ба миллат аст

Бо даровардани тағйиру иловаҳо аз ҷониби парлумон ба Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»  дар Тоҷикистон фурӯши замин қонунӣ шуд. Минбаъд ҳар шахс метавонад қонунан замин харидорӣ кунад ва ё онро бифурӯшад. Чун дар Тоҷикистон бинобар меъёри муқарраркардаи Конститутсия, «замин моликияти истисноии давлат» шинохта шудааст, дасти аввали фурӯши замин ҳам давлат хоҳад буд.

Ин қонун бидуни гирифтани назари мардум қабул шуд ва метавонад ба фоҷеъаи дигари миллат табдил ёбад. Бидуни баррасии амиқ қонунӣ шудани фурӯши замин дар баробари ҷанбаҳои мусбӣ доштанаш метавонад ҳазорҳо ҷониби дигари манфӣ ҳам дошта бошад. Бинобар сомонаи таҳлилӣ-хабарии Паём аз чанде соҳибназарон ва таҳлилгарон дар ин бора назар гирифт, ки пешкаши хонандагон мегардад.

Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигор:

Дар шароити Тоҷикистон, ки 93 дар садашро кӯҳсор ташкил медиҳад, қонунӣ кардани фурӯши замин ба сари мардум бадбахтиҳои зиёдеро ба бор меорад.

Мавҷуда Соҳибназарова

Шояд имрӯз дар Тоҷикистон аз ин 7 дар сад  4-5 дар сади замин қобили истифода ҳам набошад, чунки қисми зиёде аз сабаби муносибати нодурусти мардум бо замин корношоям шудаанд. Оё ҳамин нишондод ба дарди зиёда аз 8 миллион аҳолии Тоҷикистон мехурад? Замин картошка набошад, ки ҳисоботи бардурӯг дар бораи аз нақша зиёд истеҳсол кардани он дода шавад ва онро бо  нархи чанд баробар арзон аз хориҷа ворид кунем.

Сиёсати бозор  ин аст, ки агар мол камчин бошад нархи он даҳҳо баробар меафзояд.

Ин омил боиси он мегардад, ки сатҳи камбизоатии мардум дар Тоҷикистон боло рафта, замин моли онҳое гардад, ки бо ришваву фасод соҳиби маблағҳои зиёд гаштаанд. Ин корро ҳатто таҷриба кардан дар Тоҷикистон нашояд ва хеле хатарнок аст. Чунки бе ба ҳукми қонунӣ даромадани фурӯши замин он фурӯхта мешуд ва то имрӯз кам андар кам нафароне буданд, ки бемаблағ ё ришва соҳиби замин шудаанд.

Фурӯши замин дар Тоҷикистон паҳлуи манфии дигаре низ дорад, ки метавонад, соҳаи аграрии Тоҷикистонро пурра аз байн барад. Яъне заминро соҳиби аслии он деҳқон харида наметавонад, чун пул надорад. Замин ба дасти нафарони пулдоре меафтад, ки қадри онро намедонанд, чизи муфт беқадр аст. Пас, ин нафарон, ки муносибат ба заминро намедонанд ва ба қадри он намерасанд, бо он замин чи коре, ки хоҳанд мекунанд. Бинобар ин талаботи Кодекси замин, ки  заминҳои кишоварзӣ бояд танҳо ба он нафароне дода шавад, ки бевосита ба он сару кор доранд, ҳатмӣ риоя шавад.

Чун дар боло, дар бораи аз байн рафтани соҳаи аграрӣ гуфтем, дар ин ҷо чанд мисоли дигарро овардан аз манфиат холӣ нест. Бо фурӯхта шудани замин соҳаи чорводорӣ низ аз байн рафтанаш мумкин ё хеле кам мешавад. Чунки чарогоҳҳо ва талу кӯҳдоманҳо соҳиби худро пайдо мекунанд ва нафароне, ки замин надоранд ба чорводорӣ машғул шуда наметавонанд, барои чаридани чорво гирифтани розигии хуҷаин лозим мешавад. Дуввум, соҳаи ҷангалпарварӣ низ рӯ ба таназзул меорад. Дар масъалаи обёрӣ бошад, чизе намегуям, чунки замин ва об бо ҳам тавъаманд.

Дар бораи ҳаққи хизмати нафаре, ки дар замини «хуҷаин» кор мекунад ҳоҷати баҳс нест. Таҷрибаи талхи чандсола дорем, ки  роҳбарони муштзӯр ва раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки ҳама «пахтафурӯш» шуда буданд, ба аъзои хоҷагӣ пули корашро намедоданд ва бечораи пахтачин ба ҷое шикоят карда наметавонист, то ки аз ғӯзапоя низ бенасиб намонад.

Фурӯши замин қонунӣ нашуда айни ҳол чанд талу теппаҳое ва доманакӯҳҳое мавҷуданд, ки соҳиб доранду посбон доранд. Ба атрофаш касе наздикӣ карда наметавонад. Агар фурӯши замин қонунӣ шавад, ҳама  талу теппаҳо соҳибдор мешаванд. Ҳеҷ як қонунҳо ва меъёрҳое, ки барои фурӯш ва истифодаи замин муайян карда мешавад, ба кор намеояд. Садҳо роҳи қонунии аз талаботи қонуни дигар гурехтан вуҷуд дорад. Аксари талаботҳои қонунии Тоҷикистон дар ҳолати парадоксӣ буда, ду ҷониб доранд. Бо як ҷонибаш мардуми бекасу камбағал таъқиб мешаванд ва бо ҷониби дигараш “одамдорҳо” роҳи қонунии гурез аз ҷавобгариро меёбанд.

Пас, хулоса чи аст? Албатта он ки бо қонунӣ кардани замин мо ба феодализм дар Тоҷикистон роҳ мекушоем.

Файзиниссо Воҳидова, таҳлилгари масоили ҳуқуқӣ:

Фурӯши замин ҳанӯз чанд сол қабл зимни қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳои замин», Кодекси замин ва як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёри ҳуқуқии танзимкунандаи замин пешбинӣ шуда буд, аммо иҷрои онҳо ва амалигардонии ин талаботи қонун мутассифона чанд сол тул кашид. Фикр мекунам, ки ахиран ҳукумати кишвар бо мақсади хотима додани заминҷаллобӣ дар минтақаҳо аз ҷониби мансабдорон ба чунин тасмим даст задааст. Аслан фурӯши замин дар таҷрибаи хеле кишварҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.

Файзинисо Воҳидова

Шахсан ман ҳануз соли 2004 дар яке аз иёлати ИМА, ки тибқи як барномаи табодули таҷриба ширкат мекардам, дар биржаи фурӯши замин ҳузур дошта, аз таҷрибаи амрикоиҳо хабардор шуда будам. Фурӯши замин барои эҳтиёҷмандон як амали муқаррарӣ буда, дар замони рушди технологияи муосир ва бозори ҷаҳониву маркетинг ҳеҷ боке надорад. Аммо, дар қиболи ин ҳама, фурӯши замин омилҳи ҳам мусбат ва ҳам манфӣ низ дорад. Мусбат ин аст, ки бе ин ҳам дар маҳалҳо замин ройгон нест, гарчанде бояд ройгон диҳанд, мутмаинам, ки ягон шаҳрванд бе додани пора соҳиби як ваҷаб замин намегардад. Ҳатто барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ низ барои қитъаи замин ҳатман пора тамаъ мекунанд. Аз ин бозори заминҷаллобон киссаи мансабдорон, пеш аз ҳама раисони шаҳру навоҳӣ ва кумитаи идораи замин ғанӣ мегардад, вале барои давлат ҳеҷ манфиате нест.

Тарафи манфии фурӯши замин дар он зоҳир мегардад, ки дар Тоҷикистон ба ҳама маълум аст, ки синфи миёна кайҳо аз байн рафтааст. Қишри бой ва камбағал ҳаст. Ашхоси дороидошта имкон дорад, ки садҳо гектар заминро харида, минбаъд тавассути биржа бо нархи хеле гарон фурӯшад (дар таҷрибаи Амрико мо ин чизро дидем) ва дар чунин ҳолат дастрасӣ ба замин мушкил мегардад, бе ин ҳам афроди камбағал пурра аз замин маҳрум мешавад.

Ин ҷо бояд қайд намуд, ки пулакӣ шудани замин ин маънои онро надорад, ки дигар мардум барои бунёди манзили зист танҳо бо роҳи харидан ва пардохти арзиши он соҳиби замин мегарданд. Раванде, ки дар мо ҷорӣ аст, он боқӣ хоҳад монд. Асосан заминҳои кишоварзӣ барои ташкили хоҷагиҳо ва шаҳрвандоне, ки ба қитъаи замин мӯҳтоҷ нестанд, вале мехоҳанд боз қитъаи замини барзиёдатӣ дошта бошанд, фурӯхта мешавад.

Барои амалӣ гардонидани қонун, пеш аз ҳама бояд мақомоти зидахл биржаи фурӯши заминро ташкил кунанд, дар дигар ҳолат ин раванд аз ҳоле ки имрӯз дорем беҳтар нахоҳад буд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро ба бозори фурӯши замин табдил додани масъулин чандин маротиба аз сухани раисҷумҳур, прокурори генералӣ садо дода буд. Бояд коре анҷом дод, ки қонуни қабулнамудаашон боз бар зарари шаҳрвандону ба манфиати мансабдорон табдил дода нашавад.

Темур Варқӣ, узви Шӯрои АОТ

Дар ин вазъият ва ҳолате, ки Тоҷикистон ва мардумаш қарор доранд  қонунӣ кардани заминфурӯшӣ ба назари ман хиёнат ба мардум ва ба ватан ҳисобида мешавад. Ин заминфурӯшӣ не балки ватанфурӯшӣ аст. Чун мардуми мо дар ватан пулро барои як бурида нон наёфта, ба Русия мардикорӣ меравад, тақрибан 2 миллион берун аз ватан ғуломӣ мекунанд, дар ин вақт ҳукумат дар байни пулдорҳо замин тақсим мекунад. Оё ин хиёнат нест?

Темур Варқӣ

Чизи дигар,  дар Тоҷикистон ҳамагӣ 7 дар сади замин, ки ҳамвор ҳисобида мешавад ва аз ин на ҳама замини обдор аст. Дар навбати аввал ҳамин замини хушрӯву ободро тақсим мекунанд ва 8 миллион тоҷик дар ватани хеш бе як порчаи замин мемонад, фақат дар қабристон шояд ҷо монад, агар ба ватан баргарданд. Дар Сарқонун омадааст ки давлат якпорчагиро кафолат медиҳад, аммо чаро порча-порча тақсимаш мекунед? Чаро дороии тамоми мардумро аз худ мекунед? Оё ин асли суханатон доир ба ваҳдати миллӣ мебошад? Ман мушоҳида мекунам, ки дар ҳақиқат ба ҷои демократия ва мардумсолорӣ ҳукумат Тоҷикистонро ба қафо ба асрҳои миёна мебарад ва нафақат қасд дорад бар хилофи Сарқонуни давлати демократӣ ба сохтори монархия табдил диҳад, балки ба феодализми шадид, ки сабаби ҷангҳои хунини садсолаҳо дар Аврупои асрҳои миёна буд, барад. Барои чи худи ҳукумат даст ба ин фитнаву иғво мезанад ва бар зидди устувории давлат даст мезанад? Магар ҳадафҳояшон таркиши Тоҷикистон аз дарун мебошад ё аз иштиҳои бепоёнашон мағзу инсофашон аз кор рафта бошад.

Шавкати Муҳаммад, таҳлилгар

Мебинем, ки фурӯши замин қонунӣ нашуда, кам кас ёфт мешавад, ки заминро ройгон ба даст оварда бошад. Агар хушгумонӣ кунем, шояд ҳукумат мехоҳад бо қонунӣ кардани фурӯши замин пеши роҳи ин фасодро бигирад. Мисли ин ки таҷрибаи фурӯши замин дар чанд кишварҳои дигар низ вуҷуд дорад. Ҳеҷ сару садое ҳам дар боби ин масъала, дар он кишварҳо дида намешавад. Зеро тамоми пушту паҳлӯҳои қонунӣ кардани фурӯши замин ба фоидаи мардум ҳал шудааст.

Шавкати Муҳаммад

Дар Тоҷикистон низ пеш аз қонунӣ кардани фурӯши замин тамоми ҷанбаҳои мусбиву манфии он бояд баррасӣ шаванд ва ниҳояти кор ба ҷониби миллат бошад. Ба таври мисол, хусусан ягон шахси хориҷӣ натавонад дар Тоҷикистон як порча замин харад. Ҳатто барои шахси хориҷӣ хонаи истиқоматие, ки мехарад, заминаш давлатӣ ҳисобида шуда, танҳо барои истифодаи муваққатӣ ё доимӣ ва ё иҷора дода шавад. Вақте фурӯши замин қонунӣ мешавад, раванди гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистонро барои хориҷиён бояд мураккаб кард ва ё бояд аз байн бурд, ки як хориҷӣ тамоми умр натавонад шаҳрвандии Тоҷикистонро (ба ҷуз иҷозаи мувақаттӣ ё доимии истиқомат) ба даст биёрад. Ин таҷриба низ дар чанд кишварҳо вуҷуд дорад. Чун ба роҳ мондани фурӯши замин барои кишвари кучак ва камбағале мисли Тоҷикистон таҳдиди бо роҳи тадриҷӣ забт шудан аз ҷониби абарқудратҳоро ҳам дорад.

Ҷойҳои истисноие ҳам бояд вуҷуд дошта бошанд, ба мисли чарогоҳҳо, талу теппаҳо, мамнуъгоҳҳо ва ғайра, ки ба таври ҳамешагӣ моликияти давлатӣ бошанд, ба ҳеҷ ваҷҳ фурӯхта ва ё шахсӣ карда нашаванд. Меъёри хариди замин барои як нафар бояд муайян бошад ва як шахс натавонад аз меъёри муайян заминро аз худ кунад. Ба сабаби камбуди замин дар кишвар, ҳатто заминҳои фурӯхташуда низ бояд аз ҷониби давлат назорат шаванд, то муфид истифода шавад. Вагарна соҳаи аграрӣ, ки як барномаи муҳими кишвар аст, аз байн рафтанаш мумкин. Ин ҳамаро ҳамон вақт мешавад амалӣ кард, ки дар ҳукумати Тоҷикистон шахсони огоҳу дар ғами насли ояндаи миллат буда бошанд. Аммо вақте мебинем, ки аз худи ҳамин қонунӣ кардани фурӯши замин бӯи феодализм меояд ва ҳатто таҳдиди аз даст рафтани кишвар аст, ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ набояд шуд, ки заминфурӯшӣ дар Тоҷикистон қонунӣ шавад.

Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази тадқиқотии назди раисҷумҳури Тоҷикистон аз изҳори назар дар ин маврид худдорӣ кард ва суоли Паёмро бе посух гузошт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *