Рубрики Pressa

Хатлон. Муассисаҳои таълимӣ бо харҷи 64 миллион таъмир мешаванд


Барои таъмири муассисаҳои таълимӣ аз буҷети вилояти Хатлон беш аз 64 миллион сомонӣ харҷ хоҳад шуд.

Бобоназар Давлатов, муовини сардори Сарраёсати Вазорати молияи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки соли 2024 – ум 54 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд. Ӯ мегӯяд, барои таъмири ҷории муассисаҳои таълимӣ ҷудо кардани 64 миллиону 300 ҳазор сомонӣ дар нақша аст. Ба таъкиди вай то имрӯз, беш аз 12 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 177 муассисаи томактабӣ ва 1 ҳазору 401 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад. Ҳамасола дар охири соли хониш муассисаҳои таълимӣ таъмир карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *