Рубрики Хабарҳо

Мӯҳлати ивазкунии ному насаб камтар шуд

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони кишвар, дар Тоҷикистон минбаъд  ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном  ва (ё)  номи падар дар муддати на дертар аз  як моҳ аз рӯзи додани ариза баррасӣ карда мешавад.

Лоиҳаи  қонун  “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони кишвар пурра ҷонибдорӣ шудааст.

Дар иттилоия гуфта шудааст, ки “дар сурати ҷой доштани сабабҳои узрнок муҳлати баррасӣ намудани ариза  понздаҳ рӯз дароз карда мешавад”.

Ин дар ҳолест, ки ивази ному насаб дар Тоҷикистон қаблан аз се то шаш моҳро дар бар мегирифт.

Зимни баргузории ҷаласа, Вазири адлияи Музаффар Ашуриён ва вакили мардумӣ Солеҳа Холмаҳмадзода таъкид намуданд, ки лоиҳаи  мазкур бо мақсади кам намудани  муҳлати баррасии ариза дар бораи иваз намудани насаб, ном, ва ё номи падар, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Вазири адлияи Тоҷикистон зимни шарҳи лоиҳа гуфтааст, тағиротҳои пешниҳодшуда ба суръатбахшии бақайдгирии расмии тағйири номҳои шаҳрвандони кишвар равона шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *