Рубрики Хабарҳо

Ҳангоми вуруд ба Русия аз хориҷиён изи ангушт мегиранд

Мақомоти Русия мехоҳанд минбаъд аз хорифиёне, ки ба ин кишвар ворид мешаванд, дар сарҳад изи ангушт бигиранд. ВКД Русия пешниҳод кардааст изгирӣ аз ангуштон (дактилоскопия) аз ин ба баъд на дар воҳидҳои минтақавии хадамоти муҳоҷират, балки дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ гузаронида шавад.

Тибқи иттилоъи , сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия Валентина Казакова гуфтааст “мо ба ин назаррем, ки ин расмиёти бисёр муҳим аст. Ва он бояд дар постгоҳҳои назоратӣ гузаронида шавад. Ҳамроҳ бо дигар сохторҳо болои ин масъала кор мекунем”.

Ба гуфтаи Казакова, соли ҷорӣ қариб 3 млн нафар аз расмиёти мазкур гузаштаанд.

Қобили зикр аст, ки қонун дар бораи гирифтани изи ангуштон дар Русия охири соли гузашта қабул шуд.

Мувофиқи он, муҳлате, ки дар ҷараёни он хориҷиён бояд расмиёти гирифтани изи ангуштонро анҷом диҳанд, ба мақсади вуруди онҳо вобаста аст. Агар шахс зиёда аз 90 рӯз дар Русия бо масоили ғайрикорӣ қарор доштанӣ бошад, ин расиётро бояд на дертар аз 90 рӯз аз замони вуруд гузарад. Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд дар муддати 30 рӯзи изи ангуштонашонро супоранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *