Рубрики Хабарҳо

Ташдиди набардҳо дар Укроин; Зеленский: зиддиҳамла алайҳи нерӯҳои Русия оғоз шуд

Раисҷумҳури Укроин бо таъйиди зимнии оғози зиддиҳамлам деринтизори артиши кишвараш алайҳи қувваҳои муҳоҷими Русия гуфт: “зиддиҳамла ва амалиёти дифоъӣ дар ҳоли анҷом аст.” 

Изҳороти Владимир Зеленский, ки ҳеҷ гуна ҷузъиёте дар мавриди вазъияти зиддиҳамалот ва марҳилаҳои анҷоми он надод, дар шароите баён шуд, ки набардҳои нерӯҳои укроинӣ дар ҷанубишарқи ин кишвар ташдид шуда ва ахборе ҳам дар мавриди пешравиҳои онҳо мунташир шудааст. 

Дар ҳамин ҳол, гузориш шудааст, ки нерӯҳои укроинӣ дар шарқи кишвар ва дар наздикии Баҳмут ва дар Ҷануб дар наздикии Запороже пешравӣ карда ва ҳамалоти дурбурдеро алайҳи аҳдофи Русия анҷом додаанд. Дар муқобил, Русия низ муддаӣ аст, ки зимни ворид кардани хисорот ва талафоти сангин ба нерӯҳои укроинӣ монеъ аз пешравии онҳо шудааст. 

Вазорати дифоъи Русия рӯзи шанбе эълом кард, ки нерӯҳои укроинӣ дар 24 соати гузашта амалиёти “номувафақе” барои ҳамла ба манотиқи ҷанубии Донетск ва Запороже ва низ шаҳри шарқии Баҳмут доштаанд. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия рӯзи якшанбе низ аз дафъи ду ҳамлаи нерӯҳои укроинӣ дар минтақаи Соледар-Артемовск хабар дод. 

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Укроин ҳам бо интишори баёнияе дар таъйиди ҳамалоти муваффақ дар ҷанубишарқи кишвар эълом кард: “нерӯҳои русӣ ҳамчунон хисороти сангине медиҳанд, вале саъй мекунанд онро пинҳон доранд.” 

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳам рӯзи ҷумъа дар мусоҳибаи видеоӣ гуфт, ки нерӯҳои укроинӣ қатъан ҳамлаи худро оғоз кардаанд, аммо амалиёти онҳо бо талафоти сангин шикаст хӯрдааст. 

Дар посух, ҳамтои укроинии ӯ низ рӯзи шанбе ва пас аз дидор бо Ҷастин Трюдо, нахуствазири Канада, дар Киев, суханони Путинро “бемаза” тавсиф кард. Ў дар ҳоле, ки бо боло бурдани шонаҳо ва абрӯҳои худ қасд дошт ин ҳисро, ки Владимир Путин ба ҳеҷ ваҷҳ шахси муҳимме нест, мунтақил кунад, гуфт: “фурсати зиёде барои онҳо (Русия) боқӣ намондааст.” Ӯ ҳамчунин хостори интиқоли ин паём ба Путин шуд, ки “фармондеҳони низомии Укроин рӯҳияи болое доранд.” 

Бо ташдиди набардҳо дар минтақаи калидии Запороже воқеъ дар ҷануби Укроин, ки мақомҳои русӣ низ онро таъйид кардаанд, гумон меравад, ки нерӯҳои укроинӣ дар талош ҳастанд то бо эҷоди шикоф дар миёни нерӯҳои Русия иртиботи онҳоро бо Крим таҳти ишғоли қатъ кунанд. 

Албатта вуқӯъи сел дар ҳафтаи гузашта раванди пешравии нерӯҳои укроиниро дар минтақа кунд кардааст. Селе, ки дар пайи тахриби садди Каховка ба вуқӯъ пайваст ва НАТО артиши Русия мутақобилан якдигарро ба эҷоди инфиҷор дар садд муттаҳам карданд. 

Сел ҳудуди 596 километри мураббаъро фаро гирифта ва ба гуфтаи Зеленский то кунун се ҳазор нафар аз манотиқи селзадаи Херсон ва Миколаев тахлия шудаанд. Аммо сатҳи об дар ҳоли фурӯкаш кардан аст ва бино бар ба эъломи Александр Прокудин, раиси минтақаи Херсон, сатҳи об 27 сантиметр коҳиш ёфтааст, ҳар чанд, ки ҳанӯз беш аз 30 шаҳрак дар соҳили рӯдхонаи Днепро, ки қаламрави таҳти контроли Укроин аст, ҳамчунон зери об аст ва тақрибан чаҳор ҳазор сохтмони маскунӣ низ дучори обгирифтагӣ аст. 

Бо ин вуҷуд, вазорати дифоъи Бритониё таъйид карда, ки Укроин дар 48 соати гузашта амалиёти “муҳимме”-ро дар чандин бахши шарқӣ ва ҷанубӣ анҷом дода, ки дар бархе нуқот мӯҷиби шикаста шудани хатти дифоъии Русия шудааст. Рухдоде, ки пешравии артиши Укроинро мумкин кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *