Чанд рӯзи охир дар саросари кишвар, ба ҷуз шаҳрҳои калон лимити барқ ҷорӣ шудааст. Мардум аз соати 8-и субҳ то 17 ва дар бархе навоҳӣ то соати 18 барқ надоранд. Масъулини соҳа мегӯянд сабаби қатъи рӯзонаи барқ корҳои профилактикӣ буда, ба зудӣ барқрасонӣ ба аҳолӣ барқарор мешавад.
Ду рӯз қабл масъулин сабаби қатъи барқ ба хонаҳоро таъмири ҷорӣ дар хатҳои интиқол ва пойгоҳҳои барқрасон гуфта буданд, ҳоло эълон кардаанд, ки сабаб таъмири чархаҳои НОБ Норак аст, ки ба зудӣ ба анҷом мерасад ва мардум шабонарӯзӣ ба барқ таъмин мешаванд.
Тобистон ҳам, аниқтараш моҳи август, интиқоли барқ ба хонаҳои мардум дар навоҳӣ қатъ шуда буд ва масъулин онро ба камшавии сатҳи об дар обанборҳо нисбат дода буданд. Бинобар ин камшавии вуруди об ба обанборҳои кишвар, интиқоли барқ ба хориҷ ҳам қариб ду баробар камтар гардид.
Ҳоло, замоне, ки сардиҳо фаро мерасанд ва қимати ҳезуму ангишт ва ҳатто таппак боло рафтааст, мақомот ҳам ба “таъмири чархаҳои нерӯгоҳ” шурӯъ кардаанд ва кишвар дубора вориди мавсимӣ бебарқӣ гаштааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки баъди 4 ваъдаи дар ду соли оянда барҳам додани лимити барқ дар кишвар, Эмомалӣ Раҳмон билохира соли 2016 эълон кард “дигар лимити барқ ба афсона мубаддал шуд”.
Албатта, таъмини барқ ба боришоту сатҳи оби дарёҳо ва масоили техникӣ бастагӣ дорад ва бояд ин масоил ба назар гирифта шаванд. Аммо қабл аз расонаҳо ва мардум, ин масъаларо бояд раисҷумҳур ва масъулини соҳа қабл аз он, ки ваъдаи афсона шудани лимити барқро диҳанд, бояд ба назар мегирифтанд. Ҳарчанд бештари ваъдаҳои раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамин тавр ваъда боқӣ мемонанд ва ӯ пуррӯёна ваъдаи қаблан додаашро баъди анҷоми мӯҳлаташ дубора такрор мекунад. Мисли ҳамон латифае, ки аз ин ваъдабозиҳои раисҷумҳур пайдо шудааст: “Ваъда медиҳам, ки ваъдаҳои додаамро боз ваъда медиҳам”.
Лимити барқ замоне ҷорӣ шудааст, ки дар навоҳии кӯҳистон сардиҳо фаро расидаанд ва мардум ниёз ба гарм кардани хонаҳо дорад. Дар ҳамин ҳол, қимати ангишт босуръат рӯ ба болост. Ҳатто нархи таппак, ки бахше аз мардум чун сӯзишворӣ истифода мекунанд, 2 то 3 баробар боло рафтааст. Агар ҳатто масъулин рост мегӯянд ва зимистон лимити барқ дар кишвар ҷорӣ нахоҳад шуд, ба назар мерасад, зимистони сахте мардуми кишварро интизор аст.
Ҳар сол, баробари фаро расидани баҳор, дар маҷлисҳои ҳукумат масъалаи омодагӣ ба зимистони оянда ба баррасӣ гирифта мешаванд. Имсол ҳам ҳанӯз озири моҳи март ва аввали апрел, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ масъулинро ба омодагӣ ба зимистон амр карда буд. Агар хонандаи азиз ба хотир дорад, ин амри ӯ маҳз дар замоне буд, ки вируси корнуо бо суръат дар кишвар паҳн мешуд ва мардуму расонаҳо бонги хатар мезаданд, аммо ҳукумат онро нодида мегирифт. Ва ба ҷои баррасии масъалаи коруно, ҳукумат баҳси омодагӣ ба зимистонро ба миён гузошта буд.
Дар ин маҷлисҳои ҳукуматӣ, ки бо раҳбарии раисҷумҳур баргузор мешавад ва худи ӯ бештари фармонҳоро медиҳад, мақомоти иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва “Тоҷикматлубот” муваззаф мешаванд, ки бо мақсади таъмини талаботи аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо бо ангишт, гази моеъ, сӯзишвории дизелӣ ва ҳезум захираи маҳсулоти номбурдаро таъмин намоянд. Вале мисли ҳама қарору фармонҳои ҳукумат, инаш ҳам рӯи қоғаз мемонад ё аз он гурӯҳе ба нафъи худ истифода мекунанд.
Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон, ки дорои захираи бузурги он мебошад. беш аз 2 миллион тон дар як солро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди даъвоҳо ва амру фармонҳои зиёди ҳукумат дар бораи таъмини аҳолӣ ба ин навъи сӯзишворӣ, ҳанӯз роҳи дурусти расонидани он ба аҳолӣ эҷод нашудааст ва каматрин саҳм ё кӯшиши давлат дар таъмини аҳолӣ ба сӯзишвории истеҳсоли ватанӣ мушоҳида намешавад.
Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи сардори Раёсати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷон Саидраҳмонзода нархи як тонна ангишт дар ҳамаи корхонаҳои истихроҷи ангишти ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна аз 108,60 то 458,59 дирамро ташкил медиҳад. Нархи аз ҳама гарони ангишт дар ҶСК «Ангишти Камароб» (ангишти хока 354,55, омехта 407,10 ва бутун 614,13 сомонӣ) ва аз ҳама арзон дар ҶДММ «Қудрат-2010» (108,60 сомонӣ ангишти бутун) мавҷуд аст. Ангишти Корхонаи фаръии «Шахтаи «Фон-Яғноб»-и ноҳияи Айнӣ, ки қисми зиёди аҳолӣ аслан аз он истифода мебаранд, мутаносибан 290, 310 ва 320 сомонӣ барои як тонна нархгузорӣ шудааст.
Дар сурати таъсиси як системаи марказонидашудаи таъмини аҳолӣ бо ангишт, тамоми аҳолии кишварро мешуд бо қимати на бештар аз 400 сомонӣ бо ангишт таъмин кард. Аммо ин система вуҷуд надорад ва ҳар сол дар оғози зимистон масъалаи нархи ангишт рӯ мезанаду аҳолӣ аз гаронии он шикоят мекунад. Имрӯзҳо ҳам кимати ин намуди сӯзишворӣ на камтар аз 800 сомониро ташкил медиҳад. Яъне ду баробар аз он қимате, ки давлат метавонист аҳолиро таъмин намояд ва даромаде ҳам аз фурӯши он дошта бошад.
Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи “Тоҷикматлубот” вазифадоранд, ки маводи хӯрока ва сӯхт, аз ҷумла ангишт захира намоянд ва аҳолиро бо нархи арзон таъмин намоянд. Вале оё ин ду ниҳод захира фармонҳои ҳукуматро иҷро мекунанд ва захирае доранд?
Агар хонандагон ба хотир доранд, вақте моҳи март дар Тоҷикистон воҳимаи имкони шурӯъи гуруснагӣ сар зад ва мардум ба бозорҳо рехтанд, то маводи хӯрока захира кунанд, мақомот эълон карданд, ки захиаи дусолаи тамоми маводи зурурияти аввалияи хӯроквориро доранд ва метавонанд аҳолиро бо он таъмин кунанд. Аммо ҳамагӣ давоми 1 ҳафта маълум шуд, ки мақомот ӯ дурӯғ мегӯянд ё аз ин вазъи баамаломада ба нафъи як гурӯҳи тоҷирон истифода мекунанд. Мақомот, аз ҷумла Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи “Тоҷикматлубот” натавонистанд қимати танҳо ордро нигоҳ доранд ва он дар як ҳафта 20% гарон шуд. Яъне ё ин ду ниҳод ҳеҷ захираи орде надоштанд, ё онро ба ҳамон қимати болорафта ба фурӯш гузоштанд.
Асли қазия чист?
Тибқи иттилоъи як манбаъи Паём, ҳукумат бо вуҷуди амру фармонҳои зиёдаш дар бораи захираи маводи зарурии хурока ва сӯхт, ҳеҷ гоҳ ин ду ниҳодро бо ҳамон миқдор маблағе, ки барои ин захираҳо зарур аст, таъмин намекунад. Болотарин сатҳи таъмини ин ниҳодҳо бо маблағ аз тарафи ҳукумат ҳеҷ гоҳ бештар аз 30 дарсад набудаанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳамон маблағи ҷудошуда барои захираҳо ҳам бо чанд роҳ ғорат ва гардиш дода мешаванд:
1. Як қисми ин маблағҳоро бо зиёд нишон додани қимати маҳсулоти захирашаванда медузданд;
2. Қисми дигари онро бобаҳонаи пӯсидани маҳсулоти захирашуда “списат” мекунанд;
3. Маҳсулоти захирашуда танҳо дар сурати ба вуҷуд омадани бӯҳроне барои чанд рӯз ва дар ҳаҷми маҳдуде ба бозорҳо бароварда мешаванд;
4. Қисмати асосии маҳсулоти захирашуда танҳо баъди боло рафтани қиматҳо ба бозорҳо бароварда ва фурӯхта мешаванд. Фоидаи бадастомада аз фурӯши ин маҳсулот ба кисаи чанд нафар меравад, на ба суратҳисоби ин ду ниҳод.
Ҳамин тавр, ангиште ҳам, ки аз тарафи ин ду ниҳод захира карда мешавад, баъди боло рафтани қимати он ба бозорҳо баробарда ва бо қимати хеле гаронтар аз он чи бояд ба мардум фурӯхта шавад, ба савдо меравад.
Хулоса ин ду ниҳод, ки вазифаи асосиашон таъмини мардум бо маҳсулоти зарурияти аввалияи хӯрокворӣ ва маводи сӯхт аст, аз тарафи як гурӯҳ ва бо пули буҷа, яъне худи мардум барои гирифтани даромад истифода мешавад.