Чаро аксари давлатҳо қурби пулҳои худро бо доллар муқоиса мекунанд?
Чӣ тавре, ки ҳамагон медонем, аксари давлатҳои ҷаҳон қурби пулҳои миллии худро бо доллари амрикоӣ муқоиса мекунанд. Давлати Амрико бо доллари худ ба қисми бузурги иқтисоди ҷаҳонӣ дахолат дорад. 83% тиҷоратҳои хориҷии давлатҳо маҳз бо пули доллар иҷро мешавад. Чаро аксари давлатҳо пулҳои миллии худро як сӯ гузошта бо доллар додугирифт мекунанд, нуфӯзи доллар ба тамоми ҷаҳон аз куҷо оғоз ёфтааст, чӣ тавр доллар тавонист боарзиштарин асъор дар байни бақияи пулҳои миллӣ гардад ва то ҳадде қурби худро ҳифз кунад?
Пайдоиши доллар
Аввалин бор пулҳои доллар соли 1792 милодӣ сохта шуда буданд. Албатта он замон пули доллар танҳо коғази кабудранг набуд. Балки аз маъданҳои гаронбаҳои ҳақиқӣ сохта шуда буд ва се шакл дошт. Долларҳое, ки аз тиллои холис сохта шуда буданд ва аз ҳама арзиши боло доштанд. Долларҳое, ки аз нуқра сохта шуда буданд, арзиши миёнаро доштанд ва долларҳое, ки аз мис (мед) сохта шуда буданд, арзиши аз ҳама поёнро доштанд. Бо ин се намуд пулҳои маъданӣ мардум дар Амрико додугирифт мекарданд. Инҳо пулҳое, буданд, ки аз маъданӣ сохта шуда буданд ва дар худ арзиш доштанд.
Ҳамин тавр то соли 1861 мардуми Амрико бо пулҳои маъданӣ додугирифт мекарданд.
Дар соли 1861 давлат пулҳои коғазии долларро сохт, ки ҳар як доллар баробари як гирам тилло арзиш дошт. Ҳар шахсе, ки дар даст доллар дошт, метавонист дар вақти хостааш пулҳои худро дар бонкҳои давлатӣ ба тилло иваз кунад. Ҳар нафаре, ки дар даст даҳ доллар пули коғази дошт медонист, ки дар даст даҳ грам тилло дорад.
Сипас вақте дар Амрико ҷангҳои дохилӣ сар зад, ҳукумат барои аз даст надодани пулҳои маъдании худ миқдори пулҳои коғазиро зиёдтар чоп кард, то ин ки пулҳои коғази қурби пештараи худро аз даст доданд. Як доллари коғазӣ баробари як гирам тиллоро дигар надошт. Бо мурири солҳо қадри доллар паст шудан гирифт, ҳатто замоне шуд, ки ягон бонк бар ивази долларҳои коғазӣ ба касе тилло намедод. Пулҳои коғазии доллар бо иҷбори ҳукумат байни мардум истифода мешуд, аммо мардум медонистанд, ки ин пулҳо қадр надоранд, эътимоди мардум ба пули милии Амрико хеле кам гашт, аз рӯи иҷбор бо он пулҳо додугирифт мекарданд.
Сипас вақте ҳукумати Амрико мулоҳиза кард, ки пули миллиааш тамоман беқурб шуда истодааст, дигарбора соли 1934 пулҳои худро аз нав бо қурби тилло чоп карданро оғоз кард. Давлат дар хазинааш чанд миқдор тилло дошта бошад, ба он нигоҳ карда, пулҳои коғази чоп мекард. Баробари ҳар як грами тилло як доллари амрикои чоп мешуд. Ҳар нафаре, ки дар даст доллари коғазӣ дошт, дубора метавонист бо доллари маъданӣ иваз кунад. Ҳамин тавр дубора доллар қурби пештараи худро ба даст овард.
Пас аз ҷанги дуввуми ҷаҳон, ки дар он Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Иттиҳоди Советӣ иттифоқчӣ буд, пирӯз омад. Дар натиҷаи пирӯзиаш 75% тиллои рӯи заминро ба даст овард. Дар тамоми дунё Иёлоти Муттаҳида ягона кишваре буд, ки пули миллиаш баробари тилло қадр дошт. Си доллари амрикоӣ баробари си грам тилло буд. Ҳар нафаре, ки дар даст доллари амрикоии коғазӣ дорад, новабаста аз он, ки он нафар амрикоӣ аст ва ё шаҳрванди кишвари дигар метавонист, доллари коғазии дар даст доштаашро дар бонкҳои Амрико бо тилло иваз кунад.
Тамоми кишварҳои ҷаҳон низ огоҳ буданд, ки ҳар як доллари амрикоӣ арзиши грами тиллоро дорад ва аксари тиллоҳои рӯи замин дар дасти Амрико аст.
Сипас дар соли 1944 милодӣ Амрико хост раёсати тиҷорати тамоми кишварҳоро ба ӯҳда гирад ва тамоми муомилаҳои тиҷоратии дунёро бо пули доллар ба роҳ монад. Азбаски пулҳои давлатҳои дигар бо тиллои доштаашон мутобиқат намекард ва дигар давлатҳо аз хазинаи доштаашон зиёдтар пулҳои коғазӣ доштанд, доллари Амрикои сардории тамоми пулҳои олам гашт. Зеро чигунае, ки дар боло ишора кардем, ҳар як доллари Амрикоӣ баробари грами тилло чоп мешуд.
Дар соли 1944 бо сардории Амрико 44 давлати дунё иттифоқ бастанд, ки доду гирифтҳои байни давлатиро бо доллари Амрикоӣ анҷом медиҳанд ва ҳар вақто ки хостанд, долларҳои дар даст доштаашонро дар бонкҳои Амрико бо тилло иваз мекунанд. Бо ин иттифоқнома, ки дар торих бо иттифоқномаи Bretton Woods машҳур аст, доллар ҳамчун боқадртарин пули дунё ва дар айни замон пули рамзии тиҷорати байни давлатӣ шинохта шуд, ки бақияи давлатҳо ҳамчун тилло бо он эътимод доранд ва воридоту содиротҳои худро маҳз бо доллар анҷом медиҳанд.
Ҳамин тавр то соли 1956 доллар қурби худро ҳифз кард ва ҳамчун пули олами мудовала мешуд.
Вақте соли 1956/1975 Амрико ба Ветном ҳуҷум кард, тиллоҳои зиёди худро барои ҷанг харҷ кард, то ин ки хазинаҳои Амрико аз тилло қариб холи гаштанд. Кишвари Амрико барои тамоми тиллоҳояшро дубора аз даст надодан, пулҳои коғазии долларро чоп кардан гирифт. Пулҳои коғази чоп мешуданд, давлатҳои дигар аз он истифода мекарданд ва ҳамчун грами тилло онро қадр мекарданд. Аммо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ягона худаш медонист, ки миқдори долларҳои чоп карда истодааш, дигар баробари тилло нестанд. Долларҳои коғазӣ аз тиллоҳое, ки дар хазинаи давлат ҳастанд, ба маротиб зиёд ҳастанд.
Расвоии бузург замоне ба вуқуъ омад, ки раиси Фаронса Шарлъ де Голлъ аз Амрико хост 191 миллон доллори коғазии дар дасти Фаронса бударо ба тилло иваз кунад, ки баробари 191 ҳазор килограм тилло бояд мешуд. Аммо Амрико ин миқдори бузург тиллоро дар хазинааш надошт ва натавонист ба созишномаи худаш ихтироъ кардаву худаш имзо карда, вафо кунад.
Ҳамин тавр тамоми давлатҳо дарак ёфтанд, ки дигар доллар қурби тиллоро надорад ва ҳар касе, ки дар даст пулҳои доллори коғазӣ дорад, наметавонад бо тилло бо қадри як ба як иваз кунад. Тамоми давлатҳо фаҳмиданд, ки Амрико онҳоро фиреб кардааст ва бар ивази доллар тилло пардохт карда наметавонад. Бо ҳамин созишномае, ки мутобиқи он хариду фурӯшҳои давлатӣ бо доллар иҷро шавад вайрон карда шуд ва доллар қадри худро гум кард.
Аз он замон то имрӯз нархи доллар дигар баробари тилло нест, нархи тилло рӯз ба рӯз дар ҳоли ба осмон расидан аст. Доллар бошад аз тилло ба маротиб поёнтар аст. Алъон дар ҷаҳон пулҳои зиёде ҳастанд, ки аз доллор ба маротиб қурби баланд доранд. Лирои Аврупоӣ, Риёли уммонӣ, дирҳами Кувейтӣ ва дигарҳо.
Агарчӣ доллар мисли солҳои 1944 қадри тиллоии худро надошта бошад ҳам, аксари давлатҳо пули худро бо доллар муқоиса мекунанд, на барои он ки доллар пули аз ҳама боарзиш аст, балки барои он, ки доллар солҳои дароз боқурбтарин пул дар дунё буд ва мардум одат карда будан,д пулҳои худро бо доллар ҳисобу китоб кунанд ё шояд ҳам барои он ки Амрикоро аксарият абарқудраттарин давлати ҷаҳон мешуморанд, ки пулҳи коғазиаш асло беқурб намегарданд.
Муслимаи Аҳмадӣ