Рубрики Хабарҳо

Ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон дар Варшава бо ширкати мухолифин

Қарор аст соатҳои наздик ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон дар Варшаваи Лаҳистон бо ширкати тоҷикони муқими Аврупо оғоз шавад.

Ин ҷашн бо ибтикори ҳизбу созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон — Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Анҷумани Озодандешони Тоҷикистон, Ислоҳот ва Рушд дар Тоҷикистон ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна ташкил шудааст.

Барномаи ин ҷашн ҳанӯз дастраси Паём нашуда, аммо теъдоде аз суханкунандагон дар он маълум гардиданд. Инҳо раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, дабири АОТ Алим Шерзамонов, ҳамоҳангкунандаи ИРТ Шарофиддин Гадоев, раиси АМОМ Илҳомҷон Ёқубов ва масъули Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон Абдусаттор Бобоев ҳастанд.

Шумори ширкаткунандагони ҷашн ҳам ҳанӯз маълум нашудааст, вале тахмин зада мешавад ҳудуди 200 нафар дар он ширкат кунанд. Гуфта мешавад дар ҷашн баъзе аз меҳмонони нишасти САҲА, даъват гардидаанд.

Фардо 10-уми сентябр нишасти САҲА оид ба андозагирии инсон, ки бештар дар он аз ҳуқуқи башар дар кишварҳои узв хоҳанд гуфт, оғоз мегардад. Қарор аст, ки намояндагони ҳукумати Тоҷикистон низ, соли 2016 онро бо нишони эътироз тарк намуда, соли 2017 аз ширкат дар он даст кашида буданд низ ҳузур пайдо кунанд.

Сайфулло Сафаров, ҷонишини раиси Маркази тадқиқоти стротегӣ, ки раҳбарии ҳайати ҳукуматро ба дӯш дорад, таъкид кард “ҳукумат ба ин нишаст як ҳайати қавӣ мефиристад”. Қарор аст аз тарафи ҳукумат ду узви собиқи ҲНИТ — Абдураҳим Каримов ва Айёмиддин Сатторов низ ширкат кунанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *