Дар Русия бо тасвиби қонун иҷоза шуд, ки афроди зиндонӣ ва муҳоҷирони корӣ ба артиш фиристода шаванд. Дар ин бора дар брифинг муовини сардори Сарраёсати оперативии Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина Алексей Громов дод.
Громов гуфт, «дар кӯтоҳмуддат кӯшишҳои асосии душман ба иҷрои вазифаи стратегии таъсиси назорати комил аз болои вилоятҳои Донетск ва Луганск равона хоҳанд шуд. Барои таъмини бартарӣ дар ҷанг Кремлин нерӯи худро афзоиш медиҳад.
Аз чумла, нафароне, ки дар зиндонҳо адои ҷазо мекунанд ё доғи судӣ доранд ба артиши Русия бояд пайванданд. Танҳо онҳое, ки барои ҷиноятҳои вазнин, барои хиёнат ба ватан, ҷосусӣ ва терроризм маҳкум шудаанд, ба ин қонун шомил нестанд.
Ғайр аз ин, дар замони осоишта нафароне, ки дорои душаҳрвандӣ шудаанд, ба хидмати ҳарбӣ фиристода мешаванд.
Ин тағйирот асосан ба ҷалби муҳоҷирони кории дар Русия қарордошта ба хидмати ҳарбӣ нигаронида шудааст. Ҳоло дар Русия ҳудуди 6 миллион нафар хориҷӣ ба сар мебаранд, ки аксарияти онҳоро муҳоҷирони корӣ аз аз Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон ва Озарбойҷон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии муҳоҷирон тақрибан 2 миллиону 700 ҳазор нафарро мардони синни ҳарбӣ ташкил медиҳанд».
Громов афзуд, ки мавҷи нави сафарбаркунӣ дар Русия моҳи оғоз мешавад. Аммо дар ин бора расман эълон карда нашудааст.
Дар ҳамин ҳол як корбари Паём аз вилояти Свердлови Русия хабар дод, ки дар яке аз муассисаҳои ислоҳии ин вилоят маҳбусонро маҷбур кардаанд, ки ба аризаи бо хоҳиши худ пайвастан ба артиши Русия имзо гузоранд. Ба хотири радди имзогузорӣ даҳҳо зиндониён бо ҳар баҳона ҷазои иловагӣ гирифтаанд.
Манбаъ мегуяд, ҳар ҳафта як маротиба бо телефон бо пайванди маҳбусаш гап мезаданд.
«Аммо тули ду моҳи охир ӯ бедарак шудааст. Ниҳоят чанд рӯз пеш тамос гирифта гуфт, ки ба хотири рад кардани пайваст ба артиши Русия ӯро аз тамос бо пайвандон чанд муддат маҳрум кардаанд.»- афзуд манбаъ.