Дар шаҳри Маскав бахшида ба 34 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз рушди кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба бо Русия суханронӣ кард.
Сафир зикр кард, ки муносибатҳои Тоҷикистону Русия хусусияти стратегӣ ва иттифоқӣ дошта, дар асоси эътимоди мутақобила ва манфиатҳои муштарак рушд мекунанд.
«Дар солҳои истиқлол, ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия яке аз ҷойгоҳҳои аслии сиёсати хориҷии кишвари моро ишғол намудаанд», – гуфт Гулмаҳмадзода.
Ӯ афзуд, ки робитаҳои дуҷониба доираи васеи бахшҳоро фаро гирифта, дар соли равон ҳамкориҳо дар сатҳи олӣ тақвият ёфтанд. Аз ҷумла, сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Русия ва гуфтугӯҳо дар сатҳи роҳбарияти олӣ намунаи равшани густариши муносибатҳо мебошанд.
Дар чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷии Русия Александр Панкинниз суханронӣ карда, таъкид намуд, ки Русия яке аз шарикони асосии тиҷорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон мебошад.
«Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 330 ширкати муштараки Русияву Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Гардиши мол миёни ду кишвар тамоюли афзоянда дорад», – гуфт Панкин.
Ҳамчунин, ӯ аз густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф ва фарҳанг ёдовар шуда, зикр кард, ки ҳудуди 27,5 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд ва квотаи таҳсил барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ аз баландтаринҳост: 1000 квота дар як сол.
Сафири Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки равобити Тоҷикистон ва Русия дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар чорабинӣ намояндагони ҳукуматҳои ҳар ду кишвар, вакилони парлумон, дипломатҳо, намояндагони илму фарҳанг, тиҷорат ва ҳамватанони муқими Русия ширкат доштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube