Рубрики Хабарҳо

Дар Душанбе ҳамоиши муқобила бо терроризм оғоз ёфт

Имрӯз, 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе ҳамоиши дурӯзаи муқобила бо терроризм ва мудирияти сарҳад оғоз ёфт. Ба гуфтаи мақомот, Конфронси «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо», то 19 октябр идома хоҳад кард.

Дар назар аст, ки нахуст раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кунанд. Ҳамчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо, САҲА, Чин, Узбекистон, Қазоқистон, Қатар ва даҳҳо кишвари дигар суханронӣ мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон чанд сол аст, ки аз хатари терроризм ва ифротгароӣ нигаронӣ доранд. Ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, нигаронии мақомотро дар масъалаи терроризм бештар кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *