Рубрики Хабарҳо

Созмони Милал нақзи ҳуқуқи башар бо баҳонаи амниятро дар Тоҷикистон маҳкум кард

Андрео Гелмур дастиёри дабири кулли СММ оид ба ҳуқуқи башар нақзи ҳуқуқи башар ба хотири тазмини амниятро маҳкум кард ва таъкид намуд, ки тавсеъа, амният ва ҳуқуқи башар мукаммили якдигар ҳастанд.

Дастёри  Дабири кулли СММ оид ба ҳуқуқи башар Андрео Гелмур дар поёни сафари 2 рӯзаи худ ба Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ ба мақомоти кишвар тавсия кард, ки фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандиро густариш дода,  рӯзноманигорон ва мудофеъони ҳуқуқ башарро таҳти фишор қарор надиҳанд.

Вай таъкид кардааст, ки: “мудофеъони ҳуқуқи башар, рӯзноманигорон ва вакилони дифоъ бояд  озодона ва бидуни маҳдудият фаъолит худро идома диҳанд ва мавриди озор, пайгарди қонунӣ ва бозрсиву санҷишҳои ғайри зарурии идорӣ қарор нагиранд.

Гилмур изҳор доштааст, ки: “мақомоти тоҷик дар заминаи рафтори хушунатомез бо зиндонён дар арсаи қонунӣ пешрафтҳое доштаанд, аммо дар воқеият ҳанӯз дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳо  рафтори хушунатомез ва шиканҷа вуҷуд дорад”.

Гилмур таъкид кардааст: “намояндагии Созмони Милал оид ба ҳуқуқи башар дар Осиёи марказӣ омода аст барои решакан кардани рафтори ғайри қонунӣ, ғайри ахлоқӣ ва шиканҷа дар Тоҷикистон кумакҳои фаннӣ ва машваратӣ намояд.

Ин мақоми СММ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст то бо масоили зуроварӣ алайҳи занон, ҷавонон ва маъюбон мубориза кунанд.

Вай дар поёни нишасти хабарӣ таъкид кардааст, ки саркуб ва нақзи ҳуқуқи башар боиси тақвияти ифротгароӣ, ноамнӣ ва бесуботӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки чанде пештар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи башари Тоҷикистон Зариф Ализода ҷой доштани шиканҷа дар кишварро рад карда буд. Аммо чандин созмони байналмилалӣ ҳукумати Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқи башар мариди интиқоди шадид қарор додаанд. Ҳатто баъзеи онҳо ворид кардани исми бархе мақомотро ба руйхати “Магнитский” ҳам пешниҳод кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *