Бар асари муноқиша дар тарабхонаи «ОК»-и Душанбе, дар наздикии фурудгоҳи байнулмилалӣ дасти кам ҳашт нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Муноқиша шаби 16-уми декабр миёни Зариф Соҳибов, директори корхонаи «Тиллои тоҷик», хешованди Шамсулло Соҳибов, домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Наврӯз Абдуллоев, писари сардори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Исматулло Абдуллозода рух додааст. Беш аз даҳ нафар аз ҳарду ҷониб дар ин муноқиша ширкат дошта, ҳашт нафар бо захмҳои сабук фирор кардаанд.
Ба иттилои Радиои Озодӣ ин ҳодиса ба хотири як духтари овозхони тоҷик рух додааст Сабаб он будааст, ки духтари овозхон аз мизе, ки Абдуллоев ва дустонаш нишаста буданд, бархоста, рафта ба мизи Соҳибов нишастааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса иттилое нашр накардаанд.
Манбаъи хабар менависад, дар ҳоли ҳозир дастрасии назари ҷонибҳо ва маълумоти расмӣ низ имкон надорад.
Гуфта мешавад, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ ин ҳодисаро на тасдиқ ва на рад кардааст.
Кормандони тарабхона иқрор шудаанд, ки дар ҳақиқат шоми 16 декабр миёни меҳмонон муноқиша рух додааст.
Маврид ба зикр аст, Наврӯз Абдуллоев ҳамонест, ки рӯзи 20 декабр дар маросими ифтитоҳи корхонаи “Қолини Душанбе” ҳамчун соҳиби корхона, дар канори раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва писараш сайру гашт дошт.