Ширкатҳои туркманистонӣ, бахши роҳи оҳани минтақаии ин кишвар бо Афғонистон ва Тоҷикистонро дар моҳи ноябр ба поён мерасонанд.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон ахиран дар нишасти ҳайъати давлати ин кишвар гуфтааст, ки ин масири ҷадид заминаи иттисоли шабакаи роҳи оҳани кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ба Аврупоро фароҳам хоҳад кард.
Сохти ин роҳи оҳан дар моҳи июли соли 2013 бо ҳузури руасои ҷумҳурии Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон оғоз шуд ва тибқи барнома қарор буд, соли 2018 ба баҳрабардорӣ бирасад.