Рубрики Хабарҳо

Дарозумртарин мард дар ҷаҳон 181 сола шуд

Як марди музадуз бо номи Махашта Мураси аз устони Варанасии шимоли Ҳиндустон ба расонаҳои ҳиндӣ гуфтааст, ки соли таваллудаш 1835 мебошад ва 181 сола шудааст.

Агар суханони ин мард таҳаққуқ ёбанд, ин мард аз ҳама солхурдатарин шахс дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.  

Аз ин мард солхурдатар танҳо пиронсоли Нигерӣ  Мама Ефишо мебошад, ки бо маълумоти тасдиқнашуда 191 сола будааст.

Мақомоти Ҳиндустон ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти Махашта Мураси дар воқеъ 181 сола буданашро тасдиқ мекунанд. Аммо табибон дақиқ карда натавонистаанд, чун охирин табибе, ки ба ин мард мурофақат кардааст, соли 1971 фавтидааст.

Тибқи маълумоти ин музадуз дар Бангалор 6 январи соли 1835 таваллуд шуда баъдан соли 1903 ба Варанаси кучидааст. Махашта Мураси  дар Варанаси то сини 122 солагиаш кор карда  дар ин син ба нафақа баромадааст. Ин мард ба расонаҳо гуфтааст: “Ман ҳатто умеди 150 сол умр диданро надоштам аммо имруз аз 181 ҳам гузаштам”

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *