Рубрики Хабарҳо

Ҷанги саввуми ҷаҳонӣ аз куҷо метавонад сар занад?

Нашрияи амрикоии The National Interest дар гузорише панҷ минтақаи эҳтимолии дунё барои вуқуи ҷанги ҷаҳонии севвум дар соли нави милодиро баршумордааст.

Ин нашрияи амрикоӣ навиштааст, сиёсати хориҷии Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико аз президентҳои қаблии ин кишвар тафовути бисёр дорад ва эҳтимолан нуқтаи аслии низоъ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар соли 2020 хоҳад буд.

Дар ин марҳила мумкин аст чанд буҳрон на танҳо бар ин интихобот таъсиргузор бошад, балки даргирии густардатари ҷаҳониро ба бор оварад.

Ин нашрияи амрикоӣ Туркия, Кашмир, нимаҷазираи Корея, дарёи ҷануби Чин ва минтақаи Ховари Миёнаро ба миён оварандагони  ҷанги ҷаҳонии севвум донистааст.

The National Interest муддаӣ шудааст, ки афзоиши таниш байни Туркия ва Амрико дар соли 2019, густариши ҷанги қудрат байни Ҳинд ва Покистон ва воқеаҳои марбут ба Кашмир, муноқишоти Амрико ва Кореяи Шимолӣ, афзоиши бесуботӣ дар муносиботи Амрико ва Чин ва низ танишҳои идомадор миёни Эрон ва режими Исроил ҳар як ба танҳоӣ метавонад оташафрӯзи ҷанги ҷаҳонии севвум бошад.

Ба навиштаи ин нашрияи амрикоӣ, чунончи Эрон барномаи ҳастаии худро дубора фаол кунад ё  Арабистонро ба адаб додан бипардозад, режими Исроил мумкин аст барои вуруд ба таҳоҷуме густардатар ё ҳамлаҳое мустақим ба Эрон васваса шавад.

Ин руёруӣ пайёмадҳои густардатаре дорад ва нархи нафти ҷаҳониро таҳдид мекунад ва Амрико ё Русияро ба мудохила таҳрик хоҳад дод.

The National Interest дар поёни ин гузориш навишта, ки бо ин ҳол эҳтимоли оташафрӯзии ҷаҳонӣ дар соли 2020 андак аст. Ҳама мунтазири натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ва дарки беҳтаре аз усули сиёсати ин кишвар барои чаҳор соли оянда ҳастанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *