Дар давоми шуйӯъи коронавирус ба Тоҷикистон тибқи гузориши расмии мақомот ба маблағи зиёда аз 29 млн доллар кумаки башардӯстона ворид гардидааст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии наздики 12 ҳазор тонна аз 52 кишвари ҷаҳон расидааст.
Кишварҳои мададрасони асосии имсола ба Тоҷикистон Чин 43,2 дар сад аз ҳаҷми умумӣ, Ӯзбекистон 13,7 дар сад, Туркия 13,5 дар сад, Қазоқистон 6,4 дар сад, Ҳиндустон 5,9 дар сад, Русия 3,3 дар сад, Дания 2,7 дар сад, Нидерланд 1,9 дар сад, ИМА ва Белгия (1,4 дар садӣ, Олмон қариб 1 дар сад, Малайзия 0,7 дар сад ва дигар давлатҳо маҳсуб меёбанд.
Дирӯз 18 август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ изҳор дошт, ки дар давраи пандемияи коронавирус аз кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ ба маблағи қариб 34 миллион сомонӣ кумакҳои башардӯстона расиданд. Ҳамагӣ баъди як рӯз Агентии омор ин ҳисоби ироанамудаи раисҷумҳурро бо ҳисоби расонаикардаи худ такзиб кард.
Агнетии омор эълом кард, ки дар давоми 7 моҳи сипаришуда ба маблағи зиёда аз 29 млн доллар муодили қариб 300 миллион сомонӣ кумаки башардӯстона ворид гардидааст.
Ҳарчанд ин омор 10 баробари омори ироакардаи раисҷумҳур аст, ҳатто ин омори расонаишуда, аз ҷониби Агентии омори тоҷикистон нодуруст мебошад. Кумаки воридшуда на 300 миллион сомонӣ балки 300 миллион доллар, муодили ҳадди ақал 3,5 миллиард сомонӣ аст.
Тибқи маълумоти расонаишуда танҳо пас аз эълони паҳншавии коронавирус ба Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ 11 миллиону 300 ҳазор доллар, 1 млн доллар аз ҷониби Ҳукумати Олмон, 867 ҳазор доллар аз ҷониби USAID, 928 ҳазор аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд, 1 миллиону 700 ҳазор доллар аз ҷониби Ҳукумати Иёлоти Мутаҳидаи Амрико, 2 миллиону 60 ҳазор доллар аз Иттиҳоди Аврупо, 2 млн доллар аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, 50 млн доллар дубора Бонки осиёии рушд, 50 млн доллар Фонди аврупоии субот ва рушд, 190 млн доллар аз ҷониби Хазинаи байналмиллалии асъор, дар умум наздик ба 300 млн доллар кумаки башардӯстона ворид шудааст.
Қаблан Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ овозаҳои ба фурӯш гузоштани кумаки башардӯстонаи ба Тоҷикистон воридшуда, аз ҷумла маҳсулоти ғизоӣ ва маводи тиббиро рад карда буд.
Роҳбари Агентӣ Сулаймон Султонзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 28 июл дар ин робита изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон ягон далели фурӯши кумаки башардӯстона ба қайд гирифта нашудааст.
Ин овозаҳоро қаблан прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон низ беасос унвон карда буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ кормандони соҳаи тиб гуфтаанд, ки либосҳои муҳофизатиро аз дасти масъулин бо маблағ иҷборан харидорӣ кардаанд. Ҳамчунин хабарҳои аз номи пайвандони раисҷумҳур тақсим шудани кумакҳои башардӯстона расонаӣ шудааст.