Нашрияи исроилии Ҳоаретс дар мавриди натоиҷи тавофуқи эҳтимолӣ байни Эрон ва Амрико гузориш додааст, ки Теҳрон раванди ғанисозии ураниуми дар сатҳ болоро мутаваққиф хоҳад кард ва дар муқобил таҳримҳои байналмилаллӣ алайҳи Эрон коҳиш хоҳад ёфт.
Ин расона ба нақл аз мақомҳои исроилӣ навишт, ки ду тараф тайи рӯзҳои гузашта ба пешрафтҳои умдае даст ёфтаанд ва гуфтугӯҳо аз он чи тасаввур мешуд сареътар пеш меравад.
“Ҳоаретс” дар мавриди натоиҷи тавофуқи эҳтимолӣ байни Эрону Америка гузориш додааст, ки Теҳрон раванди ғанисозии ураниум дар сатҳи болоро мутаваққиф хоҳад кард ва дар муқобил таҳримҳои байналмилаллӣ алайҳи Эрон коҳиш хоҳад ёфт.
Дар ҳамин росто пешбинӣ мешавад 20 миллиард доллар аз дороиҳои тавқифшудаи Эрон дар ҳисобҳои бонкӣ дар Кореяи Ҷанубӣ, Ироқ ва назди Сандуқу байналмиллаалии пул озод шавад.
Исроил пеш аз ин ҳушдор дода буд, ки тавофуқҳои муваққат ва маҳдуд монанди таваққуфи ғанисозии ураниум дар ивази бардоштани тавқифи дороиҳои Эрон барои назорат бар барномаи ҳастаӣ кофӣ нахоҳад буд.
Ин дар ҳоле аст, ки “Ҳоаретс” дар гузориши худ навиштааст, ки бархе мақомҳои исроилӣ гуфтаанд дастёбӣ ба чунин тавофуқ “беҳтарин ҳолат” хоҳад буд зеро чунин дастоварде бар вазъияти кунунӣ яъне ҳаракати Эрон ба самти дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ бартарӣ дорад.
Арзёбии сервисҳои иттилоотии Амрико ин аст, ки Эрон аз замоне, ки раванди сохти бомби ҳастаиро оғоз кунад ба 12 рӯз замон барои ғанисозии ураниум дар сатҳи 90 дарсад ниёз дорад.
Аз сӯи дигар гуфта мешавад арзёбии иттилоотии Исроил нишон медиҳад, ки ҳатто пас аз ин марҳала низ Эрон ба ду сол замон барои татбиқи бомби сохташуда бо кулоҳаки мушакҳои баллистик эҳтиёҷ хоҳад дошт.